Вафо Ниятбеков сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуд.
3-юми март бо фармони Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ Вафо Ниятбеков сардори Департаменти иттилоот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷӣ таъин шудааст. Ӯ то ин дам дар вазифаи иҷрокунандаи сардори Департамент фаъолият мекунад.
Вафо Ниятбеков дар суҳбат бо TojNews гуфт, ки талош хоҳад, ки ҳамкориҳои вазорат бо расонаҳоро ба сатҳи баландтар бардорад. Ӯ дар ин вазифа Абдулфайз Атоевро иваз кард, ки чанде пеш мушовир дар сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон таъин шуда буд.
Ӯ дар гузашта дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар вазифаҳои муовини сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ кор мекард. Ва аз таҳлилгарони шинохта дар минтақа мебошад. Дар чандин конфронсҳои байналмилаливу минтақавӣ Маркази тадқиқоти стратегиро намояндагӣ кардааст.
Вафо Ниятбеков 37 сол дошта, соли 2002 факултаи муносиботи байналмилалии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро хатм кардааст. Барои такмили ихтисос ва баланд бардоштани малакаи касбӣ дар як қатор кишварҳои хориҷӣ аз қабили ИМА, Олмон, Латвия, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Ҳиндустон, Туркия ва Ҷопон тренингу курсҳои кӯтоҳмуддатро гузаштааст.
Муаллифи даҳҳо матлабҳои таҳлиливу илмӣ мебошад, ки дар дохил ва хориҷи кишвар дар муассисањои мӯътабари илмию таҳлилӣ ба нашр расидаанд.
Ҳамчун олим-сиёстшинос дар тӯли солҳо оид ба масоили умдаи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон барои донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дарс гуфтааст.
http://www.tojnews.tj/tj/news/vafo-niyatbekov-suhangui-navi-vazorati-korkhoi-horichii-tochikiston