[b]Саймудин Дӯстов, раиси сандуқи «ИНДЭМ» ва муассиси нашрияи «Нигоҳ», дар ҷараёни роҳпаймоии гурӯҳе аз муътаризон ба хотири оташсӯзӣ дар бозори «Корвон» аз сӯйи маъмурони пулис боздошт шуд.[/b]
Баъд аз тақрибан се соъати боздошт дар бахши пулиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, маъмурон аз ӯ «пузиш хоста» ва ӯро озод кардаанд.
Дар суҳбат бо Би-би-сӣ оқои Дӯстов гуфт, ки субҳи имрӯз кормандони нашрияи «Нигоҳ» барои бозтоби тазоҳуроти туҷҷори бозори «Корвон» ба чанд минтақаи шаҳри Душанбе эъзом шуда буданд.
Вай гуфт: «Ман барои рӯшан сохтани қазияи боздошти ҳамкорам Зайниддин Орифӣ ба маҳалли корхонаи текстили (нассоҷии) шаҳри Душанбе омадам, ки дар он ҷо гурӯҳе аз туҷҷор гирдиҳамоӣ мекарданд. Маъмурони пулис чанд дафъа аз ман пурисданд, ки ман помирӣ ҳастам ё на. Сипас, маро маҷбур карданд, ки ҳамроҳи онҳо ба бахши пулис биравам.»
Дар бахши пулис оқои Дӯстов беш аз се соъат нигоҳ дошта шудааст. Саидҷаъфар Холиқов, раиси пулиси ноҳияи Шоҳмансур, ба маъмурон дастур додааст, ки бидуни иҷозаи вай касе аз тазоҳуркунандагон набояд озод карда шавад.
Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи оқои Дӯстов, теъдоди боздоштшудагон низ зиёд набуд: «Ҳамроҳи ман ду нафар ба идораи пулис оварда шуданд. Сипас, боз чанд нафареро оварданд. Баъд ҳамаро озод карданд.»
Вай афзуд, ки нахуст бархӯрди маъмурони пулис хашин буд ва сипас, нармтар шудааст.
Оқои Дӯстов афзуд: «То замоне ки ба маҳалли тазоҳуркунандагон (Абдураҳмон) Бузмаков, раиси пулиси Душанбе, наомад, маъмурон бо тазоҳуркунандагон ва хабарнигорон бархӯрди хашин доштанд. Сипас, таҳти раҳбарии Бузмаков амалиёти пулис хеле ҳирфаӣ анҷом шуд. Вале маъмурони амниятӣ ҳамчунон дурушт рафтор мекарданд.»
Раиси сандуқи ИНДЭМ, ки муассиси хабаргузории мустақилли «Тоҷнюз» ҳам ҳаст, хабар дод, ки Саидҷаъфар Холиқов, раиси пулиси ноҳияи Шоҳмансур, дар ниҳоят аз ӯ пузиш хоста ва ӯро озод кардааст.
Дар посух ба ин суол, ки оё вай аз чунин бархӯрди маъмурони пулис ба ниҳоде шикоят хоҳад бурд ё хайр, оқои Дӯстов гуфт: «Шароите буд, ки боздошт нашавам, яъне имкони фирор буд. Вале ман амдан таслим шудам, то бифаҳмам, ки пулис чи ҳадафе дорад. Гузашта аз ин, маро суолоти маъмурон нороҳат карда буд, ки ман помирӣ ҳастам ё на.»
«Ба ин далел, мехостам ин мавзӯъро бо мақомоти пулис матраҳ кунам. Дуруст аст, ки ман метавонам аз боздошти ғайриқонунии худ ба додгоҳ шикоят бубарам. Вале бо дарназардошти тафоҳуми ниҳоӣ аз ин амр худдорӣ мекунам.»
Саймиддин Дӯстов бар ин назар аст, ки дар фурӯ нишондани эътирозоти марбут ба оташсӯзӣ дар бозори «Корвон» нақши Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси маҷлиси улёи порлумон ва шаҳрдори Душанбе, хеле бузург будааст.
Вай гуфт: «Ӯ нотарсона ба назди тазоҳуркунандагон рафт ва ба мушкилоти онҳо расидагӣ кард. Агар ӯ намебуд, бархӯрди маъмурони амниятӣ ва пулис бо тазоҳуркунандагон метавонист паёмадҳои номатлубе дошта бошад. Ин ҷо як нукта бояд мавриди назар бошад, ки бештари зиёндидагони ин оташсӯзӣ аз ҷумлаи ӯзбактаборони Тоҷикистон буданд. Ба ин далел, метавонам бигӯям, ки шаҳрдори Душанбе аз ихтилофоти қавмӣ низ ҷилавгирӣ кард.»
Боздошти беш аз сесоъатаи оқои Дӯстов дар ҳолест, ки шоҳидони айнӣ аз бархӯрди хашини маъмурони амниятӣ ва пулис бо чанде дигар аз хабарнигорон ва муътаризон хабар додаанд.
Аз ҷумла, хабарнигорони Би-би-сӣ низ гуфтанд, ки дар назди корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе бархе аз кормандони амниятӣ ва пулис бо онҳо низ бадрафторӣ кардаанд.
Пештар гузориш шуд, ки Зайниддин Орифӣ, хабарнигори хабаргузории «Тоҷнюз» низ ба ҳангоми боздид аз маҳалли оташсӯзӣ дар бозори «Корвон» боздошт шудааст.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/09/120906_if_fire_dustov.shtml