Ҳуқуқбонҳо ҳамла ба Хуршеди Атовуллоро маҳкум карданд

[b]Созмонҳои мудофеъи озодии баён ва Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон бо интишори баёнияе муштарак латукӯби рӯзноманигор Хуршеди Атовуллоро маҳкум кардаанд.[/b]

Дар ин баёния, ки рӯзи панҷшанбеи 1 сентябр мунташир шуд, аз ҳамлаи афроди номаълум ба Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи «Фараж», башиддат интиқод шудааст.

Намояндагони созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва озодии баён аз нерӯҳои интизомии Тоҷикистон дархост кардаанд, ки афроди мазнун дар ин ҳодисаро боздошт ва муҷозот кунанд.

Иттиҳодияи рӯзноманигорон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон навиштаанд, ки ин дувумин ҳодисаи латукӯби рӯзноманигорон дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аст.

Дар ин баёния омадааст, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи «Наҷот», вобаста ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, низ аз сӯйи ду фарди номаълум латукӯб шуда ва дар бемористон муддате бистарӣ буд.

Масъулони ин созмонҳо мегӯянд дар ҳоле ки Тоҷикистон дар остонаи таҷлил аз 20-умин солгарди истиқлоли худ қарор дорад, латукӯби рӯзноманигорон ва ҳар фарди дигаре мояи нигаронӣ аст.

Ин созмонҳо хостори ҳалли ҳама гуна муноқишаҳо дар чорчӯби қонун шуда ва аз ниҳодҳои марбута тақозо кардаанд, ки амнияти мардумро тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон таъмин кунанд.

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи “Фараж” ва раҳбари созмони «Медиа-алянси Тоҷикистон», пештар ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки афроди ношинос дар худраве онҳоро дунболагирӣ карда ва дар маҳаллаи “Зарафшон-2”-и шаҳри Душанбе бо чӯбдастҳо ба онҳо ҳамла кардаанд.

Дар натиҷа, дасту пойи оқои Атовулло ва ду ҳамроҳаш аз зарбаҳои чӯб маҷрӯҳ шудаанд.

Ин ҳодиса соъати 12 зӯҳр рух дода ва дар он замон хиёбонҳои шаҳр пур аз мардум буд. Аз сӯйи дигар, Ҳикматулло Сайфуллозода низ дар маҳалле наздик ба «Зарафшон» ва дар рӯзи равшан лату кӯб шуда буд.

Соҳибназарон бо ишора ба такрори ин ҳаводис сабаби ҳамла ба хабарнигоронро бемуҷозот мондани ин афрод медонанд. То ҳол афроде, ки оқои Сайфуллозодаро низ лату кӯб карда буданд, боздошт ва муҷозот нашудаанд.

Би-Би-Си

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/09/110901_zkh_statement_mass_media.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *