Усмонов: ВАО-и тоҷик динро нашинохт

Профессор Иброҳим Усмонов зимни суханронӣ дар як нишаст таҳти унвони «ВАО ва амнияти фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» қайд кард, ки мутаассифона, имрӯз воситаҳои ахбори омма динро ба пуррагӣ нашинохтаанд.

Усмонов имрӯз роҷеь ба таҳдидҳо ба журналистики тоҷик сухан карда, афзуд, ки яке аз камбудиҳои журналистикаи мо ҳамин хуб нашинохтани дин аз ҷониби журналистон аст: «Бархе журналистони мо динро танқид мекунад ва қисми дигараш дастгирӣ менамоянд, аммо намедонанд чаро».

Ӯ афзуд, бисёр равияҳои диние дар ҷомеа пайдо шудаанд, ки хатарноканд, вале ягон журналисти мо барои пешгирии ин хатар чизе нанавиштааст.

 

http://faraj.tj/news/11791-usmonov-vao-i-to1207ik-dinro-nashinoht.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *