[b]Шабакаи хабарии Би-би-сӣ бо судури баёнияе ҳукми додгоҳ дар бораи муҷрим шинохтани Урунбой Усмонов, хабарнигори худ дар Тоҷикистонро шадидан маҳкум кардааст.[/b]
Додгоҳи вилояти Суғд хабарнигори Би-би-сиро дар «иртибот бо ифротгароёни исломӣ» муҷрим шинохта ва ӯро барои се сол маҳкум ба зиндон кард, вале ҳамзамон ӯро тибқи қонуни афв аз иҷрои ҷазо маъоф кард.
Урунбой Усмонов ин ҳукми додгоҳро «беадолатӣ» унвон карда ва вакилони мудофеъи вай гуфтанд, ки ба додгоҳи истинофӣ шикоят хоҳанд бурд.
Дар биёнияи Би-би-сӣ омадааст, ин созмони расонаӣ муътақид аст, ки ҳеҷ гуна шавоҳиде барои таъйиди иртикоби тахаллуфе аз сӯи оқои Усмонов дар ҷараёни додгоҳ пайдо нашудааст ва танҳо табраъаи комил ва бидуни маҳкумияти ин хабарнигор қобили қабул аст.
Би-би-сӣ мегӯяд, «сарфи назар аз ҳукми додгоҳ дар бораи афви ӯ оқои Усмонов мехоҳад ба додгоҳи таҷдиди назар барои дифоъ аз ҳайсият ва обрӯи худ шикоят бубарад.»
Питер Ҳорокс, раиси барномаҳои ҷаҳонии хабарии Би-би-сӣ дар ин баёния гуфт: «Мо ба дифоъи худ аз Урунбой идома хоҳем дод ва умедворем, ки таҷдиди назар дар бораи ҳукми додгоҳ номи неки ӯро ба унвони як нависанда ва рӯзноманигори шинохта барқарор хоҳад кард.»
Ӯ афзуд: «Мо ҳамчунин қасд дорем барои дарёфти посух дар мавриди бадрафторӣ ва эъмоли шиканҷа нисбати Урунбой дар боздоштгоҳ иқдом кунем ва нигарониҳои воқеъии худ дар робита ба навоқиси раванди таҳқиқи қонуниро дар ин қазия матраҳ кунем.»
Оқои Усмонов дар ҷараёни додгоҳ зимни ироаи посух ба пурсишҳо ба додгоҳ гуфт, ки пас аз боздошташ дар рӯзи 13 июн ӯ дар боздоштгоҳ шиканҷа шудааст, аз ҷумла мавриди зарбу шатм қарор гирифта ва маъмурини амниятӣ дастони ӯро бо сигор сӯзондаанд.
Баёния меафзояд: «Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ӯро маҷбур кардаанд, то эътирофотеро имзо кунад, ки барояш қироъат шуда буд.»
Ин дар ҳолест, ки вакилони мудофеъи оқои Усмонов низ тамоми далоилеро, ки бозрасон ҷамъоварӣ кардаанд, «берун аз эътибори қонунӣ» хондаанд, зеро ба гуфтаи онҳо «ин далоил бо истифода аз шиканҷа ва бо нақзи муқаррароти тафтишу таҳқиқ ба даст оварда шудаанд.»
Вакилони мудофеъ дар додгоҳ хостанд, ки Эраҷ Давлатов, масъули бахши амниятии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки Урунбой Усмоновро боздошт карда буд, “ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад” ва алайҳи Хуршед Досов, раҳбари гурӯҳи бозрасони бахши кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Саидмуҳиддин Саймудинов, бозраси ин парванда, “таъйиноти махсус бароварда шавад.”
Дар ҳамин ҳол рӯзи 13-уми октябр Кумитаи Дифоъ аз Ҳуқуқи Рӯзноманигорон бо интишори баёнияе аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки «иттиҳомоти бемаврид алайҳи Ӯрунбой Усмонов ва Маҳмадюсуф Исмоъилов лағв ва онҳо бидуни шарту шароъит озод шаванд.»
Як соат қабл аз эъломи ҳукми додгоҳ дар робита ба Урунбой Усмонов, додгоҳи шаҳри Табошар ҳукми худро дар робита ба парвандаи Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори маҳаллии ноҳияи Ашт содир кард.
Ин хабарнигори маҳаллӣ, ки аз 23 ноябри соли гузашта дар боздошт қарор дошт аз толори додгоҳ озод шуд, вале додгоҳ ӯро дар «тӯҳмат, таҳқир ва маҳалгароӣ» муҷрим шинохта ва ба пардохти беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима ва се соли худдорӣ аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳкум кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Нина Огнианова, раиси барномаи Урупо ва Осиёи Миёнаи Кумитаи Дифоъ аз Ҳуқуқи Рӯноманигорон гуфт, ки «ҳар ду хабарнигорон (Урунбой Усмонов ва Маҳмадюсуф Исмоъилов) ба хотири гузоришгарии мустақилонаи худ дар бораи мавзӯъоти муҳимми иҷтимоъӣ таъқиб шудаанд, на барои чизе дигар.»
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111014_l16_bbc_statement_urunbay.shtml