Universal Periodic Review дар бораи вазъи иҷрои тавсияҳо оид ба ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҳисобот интишор намуд

Universal Periodic Review (UPR) (Баррасии даврии ҷаҳон) Ҳисоботи миёнадаврӣ дар бораи иҷрои тавсияҳо оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро интишор дод. Ниҳоди мазкури байналмилалӣ тавсияҳои маҳкурро чанд сол қабл ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда буд. 

Дар гузориш маълумоти ниҳодҳои дахлдор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавриди раванди иҷрои тавсияҳои қаблии Universal Periodic Review оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон оварда шудаанд. Дар ҳисобот ҳамчунин вазъи озодии баён, озодии матбуот ва озодии фаъолияти журналистон дар кишвар мавриди таҳлил қарор дода шудааст.

Тибќи гузориши мазкур тавсия оид ба таъмини озодии матбуот, соддагардонии раванди иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти радиову телевизион ва аз Кодекси ҷиноятї баровардани моддањо оид ба тӯҳмат ва тањќир қисман иҷро шудаанд. Ба тасвиб расидани Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” дар соли 2013, ки механизми беҳтареро барои дастрас кардани иттилоот пешбинӣ мекунад ва мӯҳлати гирифтани маълумотро то ба се рӯзи корӣ коҳиш додааст, нишонаи иҷрои нисбии тавсия ҳисобида мешавад. Ҳамчунин аз Кодекси ҷиноятии ҶТ дар соли 2013 баровардани моддаҳои таҳқиру (135) тӯҳмат (136) намунаи иҷрои нисбии тавсияҳои мазкур мебошад. Дар баробари ин, Forum 18 дар ҳисоботаш ба Universal Periodic Review менависад, ки дар Тоҷикистон поймол шудани озодии баён то њол бараъло мушоҳида карда мешавад.

Дар маљмўъ, аз 150 тавсияи Universal Periodic Review (http://www.upr-info.org/en#) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 45 тавсия умуман иҷро нашуданд, 34 тавсия қисман ва 27 тавсия пурра иҷро шудаанд. Ба 42 тавсия ягон посух дода нашудааст.

Universal Periodic Reviewин механизмест, ки аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ва Шӯрои ҳуқуқи башар дар соли 2005 созмон ёфтааст. Арзёбии ниҳоди мазкур (Universal Periodic Review) дар асоси маълумоте анҷом дода мешавад, ки мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор омода менамоянд.

Хадамоти мониторинги АМВАОМТ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *