[b]“Азия-Плюс” аз болои шикояти як мақоми Вазорати корҳои дохилӣ аризаи даъвогӣ пешниҳод карда, 15 ҳазор сомонӣ ҷуброн хостааст.[/b]
Марат Мамадшоев, як масъули «Азия-Плюс» мегӯяд, ба додгоҳ кашида шудани ин нашрия метавонад ба обрӯ ва эътибори он дар назди хонандагон латма бизанад.
Дар ҳоле ки ба гуфтаи вай, ин нашрия матлаби худ дар бораи шиканҷаи боздоштшудагон аз тарафи маъмурони пулисро бидуни таҳқир ва тӯҳмати нафар ё ниҳоде ба чоп расонидааст.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба баррасии шикояти Анвар Тағоймуродов, як мақоми Вазорати корҳои дохилӣ аз болои нашрияи “Азия-Плюс” оғоз кард.
Хабарнигори «Озодӣ», ки ҷараёни ин баҳси додгоҳиро назорат мебарад, гуфт, раҳбари бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ба додгоҳ ҳозир шудааст.
Аммо ӯ ва вакили дифоъяш Ҷамшед Ғиёсов хостаанд, ки ба унвони муассис ва раҳбари нашрияи «Азия-Плюс», Умед Бобохонов иштирок бикунад.
Онҳо гуфтаанд, ҳарчанд Марат Мамадшоев ба унвони масъули «Азия-Плюс» дар ин баҳс иштирок мекунад, вале фармон дар бораи раҳбари ин муассиса буданашро пешниҳод накардааст.
Дар авохири моҳи январи соли ҷорӣ Анвар Тағоймуродов, раҳбари бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ, барои чопи мақолаи «Тафтишот ё инкивизитсия?» ҳафтаномаи «Азия-Плюс»-ро ба додгоҳ кашида, 1 миллион сомонӣ ҷуброн талаб кард.
Дар ин мақолаи таҳқиқотӣ, ки ба қалами хабарнигор Рамзия Мирзобекова марбут аст, саҳнаҳое аз шиканҷаи боздоштшудагон тавассути кормандони раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ВКД, аз ҷумла дар вилояти Суғд тасвир шуда буд.
Сардори раёсати мубориз бо ҷинояҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ин мақола мавриди ба иддаои худаш дурӯғ ва таҳқирро нисбат ба шахсияти худаш кашф карда ва аз додгоҳ хостори расидагӣ ба ин қазия шудааст.
Анвар Тағоймуродов дар аризаи даъвогии худ ҳатто таъкид кардааст, ки шояд муаллифи мақола ва хабарнигорони дигар омилони ҳамлаи интиҳории Хуҷандро мешинохтанд ва аз нияти онҳо огаҳӣ ва эҳтимолан бо онҳо ҳамкорӣ доштанд.
Созмонҳои хабарнигории дохил ва хориҷи Тоҷикистон аз чунин бархӯрди мақоми баландпояи Вазорати корҳои дохилӣ интиқод кардаанд.
Онҳо аз Додситонии кулл ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ хостаанд, то ин қазия ба таври холисона пайгирӣ шавад.
Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2308300.html