Мурофиаи додгоҳии ширкати “Умед-88” ва ҳафтаноми «Пайк» рӯзи 22 май дар додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон идома кард. “Умед-88” аз “Пайк” барои нашри як мақолаи интиқодии хабарнигор Шарифхони Тағаймурод, ки дар шумораи №90 аз 8-уми апрел бо сарлавҳаи «Умедчик-88» рӯи чоп омадааст, аз муаллифи мақола 10 ҳазор ва аз ҳафтанома 50 ҳазор сомонӣ талаб дорад. Дар мақолаи «Пайк» як нуктаи фурӯши сӯзишвории «Умед-88» дар назди бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб зери интиқод қарор гирифта буд.
Дар мурофиаи додгоҳии ширкати “Умед-88” бо ҳафтаноми “Пайк”, ки рӯзи 22 май дар додгоҳи иқтисодии Хатлон баргузор шуд, намояндаи ширкати таъминкунандаи маводи сӯхт гуфт, ки онҳо ба ин пул ниёз надоранд ва дар сурати ба нафъи онҳо ҳал шудани қазия, ин маблағро ҳамчун кӯмак ба донишҷӯёни шӯъбаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон хоҳанд дод. Муҳаббатшоҳ Баллаев, намояндаи ширкати “Умед-88” дар мурофиа гуфт, ки ҳадаф аз ин даъво, таъмини волоияти қонун дар ҷомеа мебошад ва дар ғайри он, ба ин маблағ ниёз надоранд. Ҳоло додрас аз тарафҳо ироаи асноди бештарро талаб кардааст ва қарор аст мурофиаи навбатӣ дар таърихи 4 июн баргузор шавад.
Ин бори аввал нест, ки ҳафтаномаи «Пайк» вориди баҳсҳои қонунӣ мешавад. Соле пеш додситонии минтақаи Кӯлоб дар пайи ба итмом расидани шаҳодатномаи фаъолият, ин ҳафтаномаро як ҳафта аз нашр боз дошт ва ба маблағи 400 сомонӣ чарима баст. Моҳе нагузашта,Хадамоти оташнишонии Кӯлоб ҳафтаномаро барои риоя накардани қоидаҳои зидди сӯхтор 600 сомонӣ ҷарима кард.
Ҳафтаномаи «Пайк» аз тобистони соли 2013 дар вилояти Хатлон нашр мешавад ва бештар матолиби таҳлилӣ-интиқодӣ нашр мекунад.
http://www.ozodi.org/archive/news/latest/538/538.html?id=27030361