Хабарнигори маҳаллии ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» Муҳаммадюсуф Исмоилов дар ноҳияи Ашт боздошт шудааст. Аммо то ҳол рӯшан нест, ки ӯро воқеан бо кадом далел боз доштаанд.
Ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ, гуноҳи ӯ гӯё бадгӯӣ, талаби ришва ва маҳалгароӣ будааст. Вале чун Муҳаммадюсуф Исмоилови 50-солаву соҳиби 3 фарзанд аз соли 2008 бо «Нури зиндагӣ» ҳамкориро оғоз намуда, дар ин нашрия ва ҳамзамон дар ҳафтаномаи «Истиқлол» чанд матолиби танқидӣ ба табъ расонидааст, гуфта мешавад, ки шояд боздошти ӯ марбут ба фаъолияти касбияш бошад. Дар ҳамин ҳол, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон таҳқиқи боздошти Муҳаммадюсуф Исмоиловро оғоз кардааст. Созмони хабарнигорони бидуни марз ҳам гуфтааст, ки дар сурати ба фаъолиятҳои касбияш рабт доштани боздошти Муҳаммадюсуф Исмоилов, онҳо низ кӯмаки ҳуқуқии худро хоҳанд расонд. Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» Ҷумъаи Мирзо бошад, дар ин маврид чунин мегӯяд:
— То куҷо воқеӣ будани «бадгӯӣ, талаби ришва ва маҳалгароӣ»-и ӯро ман ҳам гуфта наметавонам. Зеро, агар боздошт марбут ба фаъолияти рӯзноманигории вай бошад, ин ҷурмҳо ба назар намерасад. Лекин аз баъзе зангҳои телефонӣ мешунавем, ки гӯё мақомоти прокуратураи ноҳияи Ашт тибқи моддаҳои «шантаж», «тақаллубкорӣ» ва «таҳқири кормандони мақомоти давлатӣ» ӯро гумонбар донистааст.
Ба мо низ расман номае аз ҷониби прокурори ноҳияи Ашт бо имзои Қаноатов расидааст, ки бояд ҳуҷҷатҳои марбут ба фаъолияти Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба онҳо ирсол намоем. Мо ҳуҷҷатҳоро ирсол доштем. Он ҳуҷҷатҳо аллакай дар дасти муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Ашт ҳаст. Лекин дар он мактуб ба мо расман гуфта нашудааст, ки аз рӯи кадом моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ мавсуф боздошт шудааст. Фақат аз боби боз шудани парвандаи ҷиноятӣ ва ирсоли маълумотҳо сухан меравад онҷо.
То ҷойе огоҳӣ дорем, айни ҳол Муҳаммадюсуф Исмоилов дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад. Мо дар якҷоягӣ бо Анҷумани васоити ахбори умуми мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон тасмин гирифтаем оид ба фаъолияти рӯзноманигории Муҳаммадюсуф Исмоилов ҳар кӯмак ва ё маслиҳати ҳуқуқиеро, ки аз дастамон меояд, расонем. Дар сурати ба фаъолияти рӯзноманигорӣ рабт доштани боздошти Муҳаммадюсуф Исмоилов, мо омодаем корманди худро ҳимоя кунем ва дар масъалаи ҷудо намудани машваратчии ҳуқуқӣ ё адвокат ба он кас кӯмак расонем.
Таҳияи Мавзуна АБДУЛЛОЕВА
Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=9884&Itemid=42