Убайдуллоев: Ҳангоми қабули иншоот ҳушёр бошед!

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмасаид Убайдуллоев, ба роҳбарони комиссияҳои давлатии қабули иншооти сохтмонаш ба итмомрасида, супориш дод, ки ҳангоми қабули иншоот  мутахассисони касбиро ба ин кор ҷалб намуда, дар сурати мушоҳида кардани нуқсу камбудиҳо, новобаста аз таъинот ва мӯҳлати ба истифода додани онҳо, ҷиҳати ислоҳашон аз ҷониби фармоишгар ва ширкатҳои пудратӣ тадбирҳои мушаххас биандешанд.

Дар ин бора, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки ба роҳбарони субъектҳои хоҷагидории соҳибтавозуни хатҳои муҳандисӣ ва элементҳои роҳ низ супориш дода шуд, ки дар ин муддат беҳдошту азнавсозии онҳоро таъмин карда, фаъолияти бонизоми соҳаро ҷиҳати хизматрасонӣ зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

Хотиррасон мешавем, ки 2 август, таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи ихтисосии шаҳрдорӣ доир гардида, дар иртибот ба ташкили низоми фаъолияти пурсамари ниҳодҳо дастур гардид, ки назорати ҷамъиятӣ ба таври доимӣ аз ҷониби воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ва фаъолони гурӯҳи Фейбук пурзӯр карда шуда, ҳамзамон инъикоси ин ҷараён тавассути Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт» низ ба роҳ монда шавад.

http://faraj.tj/news/5939-ubaydulloev-1202angomi-1179abuli-inshoot-1203usher-boshed.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *