Уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви СҶС дар соҳаи телекоммуникатсия

Ин субҳ дар маҷлисгоҳи бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Таҳкими огаҳмандӣ оид ба уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви СҶС дар соҳаи телекоммуникатсия”  баргузор гардид, ки ташкилкунандаи чорабинӣ Фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет мебошад.

Дар ин чорабинӣ мутахассисони соҳаи технология иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва меҳмонон аз кишварҳои Арманистону Молдова ширкат варзиданд. Қобили қайд аст, ки дар рафти кори мизи мудаввар ҳамчунон кормандони муассисаҳои давлатӣ низ ширкат варзида дар рафти мубоҳиса хеле фаъолона иштирок намуданд.

Директори Маркази ҳуқуқи информатсионии Арманистон Мавзес Хакобян дар баромади худ доир ба танзими хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ  маълумоти муфассалро ба иштирокчиён пешниҳод намуд.

Дар баробар иин ҳамчунон ба ҳозирин маълумотро доир ба талаботҳои СҶС барои бозори хизматрасониҳои телекоммуникатсонӣ низ пешниҳод намуд.

Ҳамчунон мутахассис аз Молдова Ала Байдауз, ки вазифаи Роҳбари раёсати рушди танзими Оҷонсии миллӣ оид ба танзими соҳаи коммуникатсияҳои электронӣ ва технологияҳои информатсиониро  ба уҳда дорад, дар баромади худ  доир ба танзими хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ  ба ҳозироон маълумот дод.

Бояд қайд намуд, ки пас аз муҳокима ва коркарди ин пешниҳодҳои мизи мудаввар, дар идома тренингҳои омӯзиши бо тренерони даъватшудаи  варзидаи ин соҳа  аз Молдова ва Арманистон, барои мутахассисон ва кормандони давлатӣ гузаронида мешавад.

Дар рафти чорабинӣ мутахассисони маҳалӣ низ фаъолона иштирок намуда дар баромади худ доир ба рушди ин соҳа ва мисолҳои аниқи кориро пешниҳод намуданд. Метавонед бо намоишномаи Раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет Асомиддин Атоев шинос шуда, дар бораи рушди ТИК дар Тоҷикистон бо пуррагӣ маълумот ба даст биоред.

http://matrix-tv.tj/uhdadorihoi-jumhurii-tojikiston-hamchun-uzvi-sjs-dar-sohai-telekommunikatsiya/

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *