Ширкати телевизионии «ТВ5»-и Конибодом аз узвияти Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон, бино ба моҷарои миёни ин шӯро ва рӯзномаи «Имрӯз-News» даст кашид.
Ширкати телевизионии «ТВ5»-и Конибодом, ба «расонаҳои калаванда» шомил кардани ин рӯзномаро дар натиҷагирии мониторинги ахири Шӯрои ВАО ноадолатона арзёбӣ карда, дар мактуби расмияш ба раиси ин шӯро гуфтааст аз узвият дар он даст мекашад.
Дар ин мактуб, ки имрӯз 28-уми январ ба номи Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон расидааст, гуфта мешавад, муассисон ва ҳайати эҷодии Ширкати телевизионии «ТВ5» дар як ҷаласаи якҷоя ба хулоса омадаанд, ки аз узвияти ин шӯро даст кашанд.
Ёдрас мекунем, муаллифони мониторинги боиси моҷаро гуфтаанд, дар даврае, ки аз ҷониби Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мониторинг бурда мешуд, ВАО-и чопии кишвар бо се намуд зуҳур намуданд: «ВАО-и солим», «калаванда» ва «носолим».
1. ВАО-и солим, ки бо назардошти «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» амал мекунанд: («Нигоҳ», «Рӯзгор», «Фараж», «Озодагон», «Адабиёт ва санъат», «Азия-плюс», маҷаллаҳои «Бонувон», «Чашма», «Навниҳол» ва ғ.);
2. ВАО-и калаванда, ки гоҳо рӯ ба меъёрҳои ахлоқи касбӣ меоваранду гоҳе аз он берун мераванд (рӯзномаҳои «Садои мардум», «Народная газета», «Имрӯз-News», ҳафтаномаҳои «Минбари халқ», «Тоҷикистон», «Чархи гардун», «СССР», «Миллат», «Ману ту»);
3. ВАО-и носолим, ки ғутавари фисқу фуҷур, фаҳш ва пастзанандаи шаъну шараф ва ҳайсиятанд (аз қабили рӯзномаи «Ҷумҳурият», ҳафтаномаҳои «Оила», «Муҳаббат ва оила», «Зан ва мард» ва амсоли инҳо.
«Имрӯз-News» Шӯрои ВАО-ро ба ноадолатӣ ва саҳланорӣ муттаҳам карда, талаб кард, ки ин созмон аз рӯзнома расман узр бихоҳад.
Қироншо Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар шарҳи ин моҷаро гуфт: -Албатта норозӣ будан аз натиҷагирии Шӯрои ВАО ин ихтиёри ҳар як муассис ё худ сардабири дилхоҳ рӯзнома ё маҷалла аст.
Вале он лаҳни суҳбати телефоние, ки Рустами Ҷонӣ, муассиси рӯзномаи «ИмрӯзNews», ки бо банда дошт, аз эрод дида ба ҳақорат монандӣ дошт.
Шикояти хаттии Назири Нусрат, сармуҳарири рӯзномаи «ИмрӯзNews» ба дасти мо расид. Аммо ман феълан дар ин маврид чизе гуфта наметавонам, зеро ин чиз дар салоҳияти ман нест.
Бино ба гуфтаи Қироншоҳ Шарифзода, ин масъала дар ҷаласаи навбатии Шӯро, ки аз 9 нафар иборат аст, баррасӣ хоҳад шуд, ки хулосаи худро пешниҳод хоҳанд кард.
http://www.tojnews.tj/tv-5-ikonibodom-az-shuroi-vao-dast-kashid