Ҳамкасбони азиз, воситаҳои электронии ахбор дар Тоҷикистон таърихи каме бештар аз 80-сола доранд. Агар барномаи аввалини радиои Тоҷикистон 10 апрели соли 1930 пахш гардида бошад, бори аввал 3 октябри соли 1959 сокинони Тоҷикистон имкон пайдо карданд, то соҳиби оинаи нилгуни худ бошанд.
Аввалин стансияҳои маҳаллии мустақили телевизионӣ ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта пайдо шуданд. Телевизионҳои маҳаллии «Регар»-и шаҳри Турсунзода. «Мавҷи озод»-и ноҳияи Восеъ, «Темурмалик»-и шаҳри Хуҷанд ва «Симо»-и Панҷакент ба оғози фаъолияти телевизионҳои нисбатан мустақили кишвар замина гузоштанд. Аз нақши муассири шабакаҳои мустақили электронӣ дар баробари ВАО-и ҳукуматӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба шарафи 100-солагии матбуоти тоҷик чунин ёдовар шудааст: «Ҳоло дар мамлакат 44 шабакаи радиотелевизионӣ амал мекунад, ки аз ин миқдор 28 шабакаи радиову телевизион хусусӣ мебошад. Ин, албатта, хуб аст, зеро фаъолияти озоди воситаҳои ахбори омма яке аз нишонаҳои асосии рушди ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандӣ мебошад. Ҳар яке аз ин расонаҳо ба таври худ фазои иттилоотии мамлакатро пур карда, дар инъикоси равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ҳиссаи хешро мегузоранд”.
Зинатулло Исмоилов,
раиси Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионииҶТ
Матни пурраи гузоришро дар сомонаи мо бо пахш кардани нишони зерин мутолиа кунед: http://taj.nansmit.tj/tv-va-radio%D2%B3oi-musta%D2%9Bil-%D2%B7ambasti-soli-2013-va-omodag%D3%A3-ba-guzarish-ba-paxshi-ra%D2%9Bam%D3%A3/