ТВ ва радиоҳои мустақил: ҷамъбасти соли 2013 ва омодагӣ ба гузариш ба пахши рақамӣ

Ҳамкасбони азиз, воситаҳои электронии ахбор дар Тоҷикистон таърихи каме бештар аз 80-сола доранд. Агар барномаи аввалини радиои Тоҷикистон 10 апрели соли 1930 пахш гардида бошад, бори аввал 3 октябри соли 1959 сокинони Тоҷикистон имкон пайдо карданд, то соҳиби оинаи нилгуни худ бошанд.

Аввалин стансияҳои маҳаллии мустақили телевизионӣ ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта пайдо шуданд. Телевизионҳои маҳаллии «Регар»-и шаҳри Турсунзода. «Мавҷи озод»-и ноҳияи Восеъ, «Темурмалик»-и шаҳри Хуҷанд ва «Симо»-и Панҷакент ба оғози фаъолияти телевизионҳои нисбатан мустақили кишвар замина гузоштанд. Аз нақши муассири шабакаҳои мустақили электронӣ дар баробари ВАО-и ҳукуматӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба шарафи 100-солагии матбуоти тоҷик чунин ёдовар шудааст: «Ҳоло дар мамлакат 44 шабакаи радиотелевизионӣ амал мекунад, ки аз ин миқдор 28 шабакаи радиову телевизион хусусӣ мебошад. Ин, албатта, хуб аст, зеро фаъолияти озоди воситаҳои ахбори омма яке аз нишонаҳои асосии рушди ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандӣ мебошад. Ҳар яке аз ин расонаҳо ба таври худ фазои иттилоотии мамлакатро пур карда, дар инъикоси равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ҳиссаи хешро мегузоранд”.

Воқеан тибқи иттилои дастраснамудаи мо аз Бозрасии телевизион ва радио дар ҷумҳурӣ 63 адад ташкилоти радиотелевизионии давлативу мустақил ба қайд гирифта шудаанд. Аз онҳо 44 ададашро ташкилоти мустақили тедевизиониву радиоӣ ташкил медиҳад, аз ҷумла, 28 телевизин (8 ноқилӣ) ва 16 радио.  Айни замон дар маҷмӯъ 28 адади онҳо фаъолияти воқеӣ доранд.

Саҳми ин васоити ахбори электронӣ бобати пурра намудани фазои иттилооотии кишвар аз ташкилотҳои ҳукуматии телевизион ва радио кам набуда, онҳо сарчашмаи алтернативии ахбор барои мардум мебошанд.

Соли 2013 дар соҳаи мо баъзе дастовардҳое ба назар расиданд, ки сарфи назар аз мушкилоту проблемаҳои рӯзафзуни телевизион ва радиоҳои мустақил шоистаи ёдоварӣ ҳастанд. Аввали сол дар ноҳияи наздисарҳадии Исфара радиои Исфара ба фаъолият оғоз кард. Бори аввал дар таърихи телевизионҳои мустақил “СМ-1”-и шаҳри Хуҷанд соати пахши барномаҳояшро ба 18 расонид, ки воқеан ҳам дастоварди назаррасе маҳсуб мешавад. Ба шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он доман паҳн кардани мавҷи радиои “Азия-Плюс” имконоти мардумро ба дастрасӣ ба маводи пурмӯҳтаво бештар намуд. Соле, ки сипарӣ мешавад, радиои “Имрӯз” дар Бадахшон пахши барномаҳояшро шурӯъ кард. Инчунин имсол фаъолияти Ассосиатсияи мо, ки ҳадафи он мутаҳидии васоити электронии ахбор ва пуштибонии манофеи онҳост, тавсеа ёфт. Бо ташаббуси он ва дастгирии молиявии Бунёди Мадад (Фонди Сорос)  чандин чорабиниҳо дар Хуҷанду Душанбе доир гардиданд, ки дар онҳо масоили вобаста ба рушди телевизиону радиоҳои мустақил бо иштироки коршиносони дохиливу хориҷӣ ва намояндагони мақомоти расмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Гурӯхи якҷояи корӣ пешниҳодҳои худро ба мақоми ваколатдори давлатӣ ирсол намуд ва акнун дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи якҷояи корие аз ҳисоби намояндагони ташкилоти давлатии марбути соҳа ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба фаъолияти худ оғоз мекунад, ки ҳадафаш мушаххас намудани сарнавишти  шабакаҳои мустақил аст.

Қариб дар ҳамаи васоити мустақили электронӣ се мушкилии рӯзмарра ва як проблемаи ҷиддие, ки метавонад монеи фаъолияти минбаъдаамон гардад, соли 2013 эҳсос шуданд.

Пеш аз ҳама, дар васоити электронии ахбори мустақили кишвар мушкилии асосӣ нарасидани кадрҳои баландихтисоси соҳа мебошад. Гарчанде ки солҳои охир теъдоди донишкадаҳои тайёркунандаи кадрҳои журналистӣ афзудааст, аммо сифати тарбия ва ҳунари журналистии онҳо беҳбудии комил мехоҳад. Дар ҳамкорӣ бо ВАО-и электронӣ, аз ҷумла телевизион ва радиоҳои ғайриҳукуматӣ омезиш додани донишҳои назариявии андӯхтаи журналистшавандаҳои оянда бо амалия имкони тарбияи кадрҳои соҳибихтисосро ба вучуд меорад. Агар мисли солҳои қаблӣ, пеш аз дохил шудан ба донишкадаи журналистӣ довталабон ҳатман аз васоити ахбор тавсиянома медоштанду маҳсули эҷодашонро пешниҳод мекарданд ва аз озмуни эҷодӣ мегузаштанду пасон ба имтиҳоноти дохилшавӣ роҳ меёфтанд, шояд  шумораи донишҷӯёни тасодуфӣ камтар мешуд. Инчунин, агар чун дар донишгоҳи тиббӣ дарсҳои амалии донишҷӯёни факултаҳои журналистӣ бевосита дар идораи рӯзнома ва ё ВАО-и электронӣ гузаронида мешуданд, ин танҳо ба манфиати кор мебуд. Масъалаи таъсиси Академияи телевизион ва радио ҳамоно норавшан аст ва то кадом андоза он метавонад ниёзи соҳаро барорад, мушкилии дигарест. Имкон надоштан ба бозомӯзии кормандон, камбудии контент (мӯҳтаво) низ боиси нигаронист.

Қазияи дигари соҳа ба мушкилоти фаннии имконоти пахши барномаҳо вобаста аст. Аксари ташкилотҳои ғайриҳукуматии телевизионӣ танҳо барои пахши барномаҳои худ тавассути мавҷи детсиметрӣ иҷозат доранд. На ҳама ва на дар ҳамаи минтақаи пахши онҳо мардум роҳат метавонанд барномаҳои ин шабакаҳоро тамошо кунанд. Барои тамошои бароҳат пайваст намудани мавҷгирҳои иловагӣ зарур аст, ки ин бешак барои аудитория душвории иловагӣ пеш меорад. Масъалаи молиявӣ ва вазъи молии шабакаҳои радиову телевизионӣ низ нигаронкунанда аст. Имрӯз ташкилотҳои байналхалқие, ки ба рушди соҳа маблағ ҷудо мекарданд, маблағгузориро пурра коҳиш додаанд.

Ҳол он ки маблағгузории ин соҳа ҳам метавонад ташкилотҳои телевизиониву радиоиро мустақилияти иқтисодӣ бахшад ва ҳам барои рушди демократия ва имкони аз даст нарафтани манбаъҳои алтернативии ахбор мусоидат кунад. Бозори хеле фақиронаи реклама дар Тоҷикистон ва моил набудани рекломдиҳандагон масъалаи дигари муҳими ин бахш аст. Аммо мушкилии бузурге, ки имрӯз пешорӯи мо қарор дорад, ин гузаштан ба пахши рақамӣ мебошад.

Соли 2006 як саду як кишвари дунё ва дар қатори онҳо Тоҷикистони соҳибистиқлол низ дар шаҳри Женеваи Швейсария ба муоҳадае имзо гузоштанд, ки тибқи он ин мамолик  ӯҳдадор шудаанд, ки то соли 2015 пурра ба пахши рақамӣ гузаранд. Баъди 17 июни соли 2015 дар баробари тамошои телевизион дастрасӣ ба шабакаи интернет, иштирок дар овоздиҳии мустақим ва даҳҳо имкониятҳои дигар барои бинандагону шунавандагон имконпазир мегардад. Аммо то расидан ба ин ҳадаф умури зиёде бояд ба субут расонида шавад, то ин ки тамошои пахши рақамӣ имконпазирамон гардад. Дар Тоҷикистон барнома ва стратегияи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ қабул шудааст, аммо то кунун мушаххас нашудааст, ки масоили вобаста ба гузариш чи гуна ҳаллу фасл мегарданд. Зеро ин барнома асосан бо назардошти имконот ва манфиати телевизиони расмӣ тартиб дода шудааст. Манфиатҳои телевизион ва радиоҳои ғайриҳукуматӣ ба инобат гирифта нашудаанд. Заминаи ҳуқуқии гузаштан ба системаи нав пурра мушаххас нест. Илова бар ин ба пакети иҷтимоӣ ҳамроҳ нагардидани ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дастрасии аҳолиро ба иттилоот аз манбаъҳои алтернативии ахбор зери аломати бузурги суол мебарад. Ин чиз хусусан ба ҳифзи фазои иттилоотии кишвар халал ворид мекунад.

Телевизиони рақамӣ дар шароити ҳуҷумҳои иттилоотӣ, ғасби фазои иттилоотӣ метавонад иллати бештар шудани таҷовузи фазои иттилоотӣ аз ҷониби кишварҳои бегона гардад. Инчунин аз иттилоти маҳаллӣ бенасиб мондани мардумро замина мегузорад ва хатарҳои зеринро эҷод мекунад:

1. Аз байн рафтани шабакаҳои мустақил

2. Монополизатсияи фазои иттилоотӣ

3. Набудани имкони интихоби шабакаҳои пурмӯҳтаво

4. Ҳамчун сохтори мукаммал аз байн рафтани стансияҳои телевизионӣ

Аз ин хотир, мекӯшем. ки ба суоли классикии «Чӣ бояд кард?» то андозае посух ёбем:

1. Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи олам  собит мекунад, ки мушкили асосии давраи гузариш ба пахши рақамӣ иттилоотонии аҳолӣ — истеъмолкунандагон мебошад. Аз ин рӯ, тавассути шабакаҳои давлатӣ ва мустақил бояд силсилаи барномаҳои телевизионӣ, роликҳои иҷтимоӣ ва сӯҳбатҳо бо коршиносони соҳа ба роҳ монда шавад. Агар ин мавод  дар сомонаҳои интернетии шабакаҳои давлатӣ ва мустақил, инчунин  ҶСК «Телерадиоком» ҷойгир мешуданд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ таблиғ мешуданд, ба манфиати кор мебуд.

2. Роҷеъ ба зарфияти шабакаҳои мустақил ба вуҷуд овардани афкори умум аз ҳадафҳои асосии ассосиатсияи мост, ки имсолу соли оянда онро ба шеваҳои мухталиф ба сомон мерасонем.

3. Зарурати таъсиси гурӯҳи корӣ бо мақсади ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқии гузариш ба пахши рақамӣ барои шабакаҳои мустақил аз ҳадафҳои дигари асосии мост. Маҳз дар доираи ин гурӯҳ масоили мубрами соҳа бояд баррасӣ шаванд.

4. Ҳарчанд дар Тоҷикистон барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ ва Консепсияи давлатии рушди телевизиони рақамӣ таҳия ва қабул гардидаанду мутобиқи ин ҳуҷҷатҳо гузариш ба пахши рақамӣ давра ба давра татбиқ мегардад. Аммо боиси нигаронӣ ва таассуфи коршиносони соҳа он аст, ки дар барнома ва Консепсия роҷеъ ба нақши шабакаҳои мустақили маҳалии телевизионӣ ва сарнавишти минбаъдаи онҳо ишорае нест. Масалан, дар банди 20-и Консепсия омадааст, ки «шабакаи якуми телевизиони ҷумҳуриявӣ, телевизиони «Ҷаҳоннамо», шабакаи ҷумҳуриявии барномаҳои фарҳангӣ, шабакаи ҷумҳуриявии барномаҳо барои кӯдакон ва наврасон, шабакаи минтақавӣ ҷиҳати инъикоси воқеа ва рӯйдодҳои навине, ки дар вилоятҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ба вуқӯъ мепайванданд, маҷмӯи иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятиро ташаккул медиҳанд, ки бояд дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ пахш гарданд». Дар моддаи 21 омадааст, ки «шабакаҳои мазкур бояд дар реҷаи дастрасии озод (ба доираи номаҳдуди ашхос бе ситонидани музд аз истеъмолкунандагон — тамошобинони телевизион барои ҳуқуқи тамошо) ва дар ҳама фазои пахш (моҳвораӣ, эфирӣ, кабелӣ, ноқилӣ), ки дар шартҳои иҷозатномавии операторони таъминкунандаи пахш пешбинӣ мешавад, ба аҳолӣ дастрас бошанд». Аммо дар ҳар ду банди Консепсия роҷеъ ба шабакаҳои мустақили телевизионӣ ишорае нест. Аз ин хотир, салоҳ аст, ки шабакаҳои мустақили маҳалии телевизионӣ ба Барнома ва Консепсияи рушди телевизиони рақамӣ дар баробари шабакаҳои давлатӣ ба пакети иҷтимоӣ ё худ реҷаи дастрасии озод дохил карда шаванд. Айни замон дар мултиплексҳои фаъол, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе дар баробари чор шабакаи умумимиллии давлатӣ боз 8 шабакаи хориҷӣ низ пахш мешаванд. Ба назари коршиносони соҳа амри зарурист, ки бо мақсади дастгирии телевизионҳои маҳаллии мустақил дар мултиплекси аввал ба ҷои ин шабакаҳои хориҷӣ барномаҳои телевизионҳои маҳаллӣ ройгон ворид карда шавад. Воқеан ҳам агар ба шабакаҳои мустақили маҳаллӣ низ дар мултиплексҳои фаъол ҷой дода мешуд, фақат ба манфиат мебуд. Ин амал на танҳо шабакаҳои мустақили телевизиониро ҳавасманди таҳияи барномаҳои пурмазмун мекунад, инчунин барои  бо забони давлатӣ  барои бинандагони шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ ва сокинони ноҳияҳои наздимарзӣ шароит фароҳам меорад ва бобати таъмини амнияти иттилотии кишвар замина мегузорад.

5. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари кишварҳои собиқи шӯравӣ маҳз ба хотири истеҳсоли бештари контенти миллии телевизионӣ ба истеҳсолкунандагони ватанӣ роҳ кушоданд, имтиёзҳо фароҳам оварданд ва натиҷа ин шудааст, ки кунун контенти телевизионии рақобатпазир ба вуҷуд омадааст ва он ҷойи маводи телевизионии хориҷиро танг кардааст. Лозим ба ёдоварист, ки ҳам дар Россия ва ҳам дар собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ ба мисли Беларус, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон барои истеҳсоли маводи аудивизуалӣ гирифтани иҷозатнома барҳам дода шудааст. Дар муқоиса бо ин давлатҳои дар гузашта ҳамтақдир, Тоҷикистон ниёзи бештар ба рушди контенти ватанӣ дорад. Аз як ҷониб чунин контент агар боиси таҳкими амнияти иттилоотии кишвар гардад, аз дигар ҷониб боиси мустаҳкам гаштани мавқеи Тоҷикистон дар минтақа гашта метавонад. Фақат дар Тоҷикистон ва Узбакистон, мутаассифона, то ҳол низоми додани иҷозатнома амал мекунад. Гузашти солҳо нишон дод, ки вуҷуд доштани меъёри иҷозатномагирӣ истеҳсолкунандаи ватаниро дилхунук сохтааст ва он ташкилоте, ки иҷозатномаи фаъолият доранд, танҳо бо наворгирии клипу консертҳо ва дубляжи филмҳои камсифати хориҷӣ машғул мебошанд. Ин боис мегардад, ки дар шабакаҳои давлатӣ ва мустақил маҳсули истеҳсолкунандаи ватанӣ ба назар намерасад. Дар тамоми ҷаҳон маъмул аст, ки шабакаҳои телевизионӣ аксаран фақат ду шӯъба доранд: иттилоот ва реклама. Боқӣ тамоми маводи телевизионӣ харидорӣ мешавад. Аз ин нигоҳ, бо мақсади дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва барои пурра намудани фазои иттилоотӣ бо маводи хушсифати телевизионӣ барҳам додани ичозатнома барои истеҳсол амри зарурист. Агар ба ҷои иҷозатномагирӣ низоми нисбатан соддаи бақайдгирии ташкилоти вобаста ба истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ амал мекард, ин ба манфиати кишвар мебуд. Масалан, дар бахши матбуот Вазорати фарҳанг он ташкилотеро, ки дар мақомоти андоз аз қайди давлатӣ гузаштаанд, ба ҳисоб мегирад. Чунин низоми содда боиси шаффоф гардидани фаъолияти онҳое, ки айни ҳол пинҳонӣ ба ин кор машғуланд, мегардад.

6. Фурсати он фаро расидааст, ки як Барномаи мукаммали давлатии дастгирии истеҳсолкунандагони контенти ватанӣ таҳия шавад. Мо ба Кумитаи ТВ ва радио пешниҳод кардем, ки ишон ташаббускори таҳияи чунин Барнома бошанд. Ассосиатсияи мо ва дигар ташкилоти ҷамъиятии соҳа дар ин маврид бо Кумита ҳамкорӣ хоҳанд кард. Дар Қазоқистон ва Қирғизистон таҷрибаи дастгирии шабакаҳои телевизионии мустақил ба хотири бештар гардидани контент (мӯҳтавои) ватанӣ амал мекунад. Агар дар Тоҷикистон низ чунин грантҳо ҷудо мегардиданд, аввалан контенти миллӣ — барномаҳо роҷеъ ба забон, фарҳанг ва худшиносии миллӣ меафзуд, сониян иқтидори молиявии шабакаҳои маҳалии мустақил боло мерафт ва ниҳоятан мо мӯхтавои хушсифати телевизиониро ба бинандагон пешкаш карда метавонистем.

Хулоса, қазияҳои зиёде дар пешорӯи гузариш ба пахши рақамӣ мавҷуданд. Вале бо қотеият бояд гуфт, ки мушкилоти воситаҳои электронии ахбори мустақили Тоҷикистон танҳо мушкилоти ин муассисаҳо нест. Вай  ҳамчунон фақат ба воситаҳои ахбор алоқадор нест. Балки оқибати бади он ба фазои иттилоотии мамлакат низ таъсири манфӣ мерасонад. Зеро замони имрӯза замони ҷомеаи иттилоотӣ аст ва «моҳияти ҷомеаи иттилоотӣ марҳалаи нави инкишофи тамаддуни инсонист, ки дар он авлавиятро равандҳои иттилоотӣ фаро мегиранд» ва ҳар касе, ки аз он монд, ба бӯхрон дучор мешавад.

Зинатулло Исмоилов,

раиси Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионииҶТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *