Телевизиони тоҷикии моҳвораии “Сафо”, ки аз Маскав пахш мешавад, хабар медиҳад, ки дастрасӣ ба ин шабака дар Тоҷикистон дигарбора номумкин шудааст.
Ин маротиба дуюм аст, ки мавҷи ин телевизион дар қаламрави Тоҷикистон ҳадафи мавҷзан қарор мегирад. Аз ин пеш, масъулини шабака гуфтанд, шурӯъ аз 20-уми август тамошобинон дар Тоҷикистон аз дидани барномаҳояшон маҳрум шудаанд. “Сафо” аз қавли коршиносон мегӯяд, барои мавҷзанӣ аз таҷҳизоти низоми тавлиди Чин истифода шудааст. Ин дар ҳолест, ки масъулини Кумитаи ТВ ва радио гуфтаанд, онҳо дастрасӣ ба чунин таҷҳизотро надоранд ва зарурате ҳам барои задани мавҷи “Сафо” нест.
Дар хабари ТВ “Сафо” гуфта мешавад, “агар ҳарфи масъулин ҳақиқат дошта бошад, пас ягона фарзия ин мемонад, ки дар ҳудуди Тоҷикистон хориҷиён озодона ҳаракат намуда, бо дастгоҳҳои чинӣ мавҷҳоро мезананд”.
Телевизиони “Сафо” нахустин шабакаи тоҷикӣ дар шаҳри Маскав буда, шоми ҳаштуми август аз тариқи моҳвораи Hotbird (11585/27500) расман ба пахши барномаҳояш оғоз кард.