ТВ «Ҷаҳоннамо» ҷоизаи байналмилалӣ гирифт

Муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо” ба гирифтани ҷоизаи байналмилалии «Тоҷ барои сифат” шарафёб гардидааст.

Ин ҷоизаи байналмилалӣ барои ҷорӣ намудани инноватсияҳои ҷадид дар рафти фаъолияти телевизиони мазкур, ноил шудан ба беҳтарин нишондодҳо дар соҳаи идоракунӣ ва баланд бардоштани сифати кору маҳсулот ба директори муассиса Ҳакимзода Абдулмаҷиди Усмон аз ҷониби Ширкати байналмилалии Business Initiative Directions дар толори конвенсияҳои Меҳмонхонаи Интер-Континентали шаҳри Женеваи Швейтсария супорида шудааст.

Тавре сармутахассиси шӯъбаи кадрҳои ТВ «Ҷаҳоннамо” Самандар Камолов иттилоъ дод, ба даст овардани ҷоизаи байналмилалӣ боиси ифтихор буда, «Ҷаҳоннамо” аввалин телевизиони тоҷик аст, ки барои ба даст овардани ин ҷоизаи байналмилалӣ мушарраф гардидааст.

Маросими супоридани ҷоиза бо иштироки намояндагони беш аз 80 кишвари дунё сурат гирифтааст.

Ҳамчунин, намояндаи дигари Тоҷикистон, ректори Донишкадаи молия ва иқтисод Ашӯрбой Солиев низ ба дарёфти ҷоизаи тиллоии байналмилалии «Тоҷ барои сифат» мушарраф гардид.

Бояд гуфт, ки ширкати байналмилалии Business Initiative Directions соли 1986 ташкил шуда, дар самти дастгирии корхонаҳо барои беҳ сохтани сатҳи сифат ва идоракунӣ фаъолият мебарад.

http://faraj.tj/news/8654-tv-1206a1203onnamo-1207oizai-baynalmilal1251-girift.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *