Намояндагии «Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR) дар Тоҷикистон 15 марти соли равон тренинги дурӯза дар мавзӯи «Ҳамкории ВАО ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон» доир кард.
Тавре аз намояндагии ин созмони байналмилалӣ гуфтанд, дар доираи тренинги мазкур 14 нафар аз журналистон ва намояндагони созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсони шаҳри Душанбе барои пайдо кардани заминаҳои муштараки ҳамкорӣ ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи инсон талош намуданд.
Иштирокчиёни тренинг дар шакли интерактив тарзи омода кардани мақолаҳо дар мавзӯъҳои ҳуқуқи инсон ва нозукиҳои ташкил намудани мусоҳиба бо қурбониёни нақзи ҳуқуқи инсонро омӯхта, инчунин бо ҷанбаҳои қонунии оростани мусоҳиба бо поймолкунандагони ҳуқуқи инсон шинос шуданд.
Рухшона Олимова, ҳамоҳангсози барномаҳои “Дастрасӣ ба иттилоот ва хизматрасонӣ”-и Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва директори “Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон” Сергей Романов ба ҳайси тренер ба иштирокчиён дарс гуфтанд.
IWPR тасмим гирифтааст, ки чунин тренингҳоро дар оянда дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа низ баргузор кунад.
Тренинг дар доираи лоиҳаи сесолаи «Тавонмандсозии ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон» гузаронида шуд, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаҳои “Дастгоҳи Аврупо барои рушди демократия ва ҳуқуқи инсон» (EIDHR) дар якҷоягӣ бо ҳукумати Норвегия ва “Хазинаи миллии рушди демократия” (NED) маблағгузорӣ мешавад.
Лоиҳаи мазкур барои ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО-и мустақил равона гардидааст. Мақсади он баланд бардоштани имконоти ВАО-и мустақил барои гузарондани таҳқиқоти журналистӣ ва таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ, ҳамчунин ҳавасмандгардонии муколаммаи муассир байни ҳомиёни ҳуқуқи башар, ВАО ва намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба хотири ҳалли мушкилоти аввалиндараҷаи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа мебошад.