Тоҷикистон дар миёни дархосткунандагони амнияти интернетӣ

[b]Расонаҳои Чин гузориш додаанд, ки намояндагони Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Чин ва Русия дар СММ зимни ироаи номаи муштарак ба Бон-ки Мун, дабири кулли ин созмон, хостори шомил сохтани мавзӯъи амнияти иттилоъотӣ ба дастури кори иҷлоси 66-уми Маҷмаъи Умумии СММ шудаанд.[/b]

Дар ин нома даъват шуда, ки дар ин иҷлос санади Қавойиди Байналмилалии Идораи Амнияти Иттилоъотӣ барасӣ ва ба унвони санади расмии ин иҷлос эътироф шавад.

Дар ин бора мақомоти вазорати хориҷаи Чин ба расонаҳои кишвараш хабар додааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин ба расонаҳо шарҳ додааст, ки ин санад «ҳуқуқ ва масъулияти давлатро дар қиболи шабакаҳои интернетӣ мушаххас мекунад» ва роҳро барои густариши ҳамкориҳои кишварҳо дар мубориза бо чолишҳои марбут ба ончи онҳо «амнияти иттилоъотӣ» меноманд, боз мекунад.

Йу Ҷанг, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Чин, рӯзи сешанбеи 12 сентябр, дар нишасти хабарӣ дар Пекан гуфтааст: “Чин бовар дорад, иттилоъот ва амнияти интернет аз чолишҳои муштарак барои ҳамаи кишварҳо маҳсуб шуда ва аз тариқи ҳамкориҳои байналмилалӣ ба ин падида муқобала кардан мумкин аст.”

Сойти интернетии “ China Daily“-и Чин аз қавли хонуми Ҷанг навиштааст, «Чин ҷомеъаи ҷаҳониро ба ҳамкории танготанг барои беҳбуди амнияти иттилоъотӣ даъват мекунад.»

Масъулони бахши иттилоъоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз шарҳи ҷузъиёти пешниҳоди ин кишвар ба дабири кулли СММ дар масъалаи амнияти иттилоъотӣ худдорӣ карданд.

Нигаронӣ аз паёмадҳои истифода аз фазои иттилоъотӣ дар интернет аз сӯйи кишварҳое матраҳ мешавад, ки дар онҳо дастрасӣ ба интернет, дар муқоиса ба кишварҳои пешрафта маҳдудтар аст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон (АМРМТ), дархости намояндагони Чин, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар СММ дар заминаи Қавоиди Байналмилалии Идораи Амнияти Иттилоъотиро навъе талоши ин кишварҳо барои ташдиди назорат бар шабакаҳои иҷтимоъии интернетӣ арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи оқои Қаршибоев, фазои интернет дар Чин ва Ӯзбакистон комилан таҳти назорати давлат қарор дошта, дар Русия ва Тоҷикистон низ талошҳое барои назорат ба шабакаҳои интернетӣ сурат гирифтааст.

Аз ҷумла дар пайи ҳаводиси водии Рашт дар тирамоҳи соли гузашта ва бозтоби он дар нашрияҳои мустақил фаъолияти нашрияҳои “Фараж”, “Нигоҳ” ва “Пайкон” мутаваққиф ва сойтҳои интернетии “avesta.tj”, “centrasia.ru”, “tjknews.com” ва “fergana.ru” масдуд шуданд.

[b]Нигаронӣ аз вуқӯъи «баҳори арабӣ» дар Осиёи Миёна[/b]

Зимнан, ба навиштаи “Известия”, нашрияи Русия, Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) дар садад аст, ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳаводиси мушобеҳи Мисру Тунис шабакаҳои иҷтимоъии инетернетро дар қаламрави кишварҳои узви ин созмон назорат кунад.

Ба навишати ин нашрия Валерий Коровин, раиси Маркази таҳқиқоти жеопулитики Русия гуфтааст: “Шабакаҳое чун “Twitter” ва “Facebook” дар бурузи нооромиҳо нақши муаасир дошта ва дар тазоҳуроту даргириҳои инқилоби “Баҳори арабӣ” аз ин шабакаҳо васеъ истифода шудааст. Ба ин далел дар ҷаласаи ахири СПАД аз имкони истифодаи чунин васоил дар Русия ҳушдор дода шуд.”

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ аз созмонҳои таҳти нуфузи Русия аст, ки дар он бархе кишварҳои Иттиҳоди Шуравии пешин ба шумули Тоҷикистон узвият доранд. Бархе аз коршиносон ҳифзи манофеъи Русия дар қаламрави кишварҳои узвро аз аҳдофи ин созмон хондаанд.

Аз сӯйи дигар, женерол Николай Макаров, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар нишасти хабарии худ дар шаҳри Маскав аз имкони такрори ҳаводиси кишварҳои арабӣ дар Осиёи Марказӣ сӯҳбат карда ва густариши ҳамкориҳои низомӣ ва баргузор кардани тамриноти муштараки низомиро аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз вуқӯъи нооромиҳо дар ин кишварҳо арзёбӣ кардааст.

Мардони МУХАММАД

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/09/110914_mm_internet.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *