Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии Тоҷикистон маълум кардааст, ки аз 15 шабакаи телевизионии мустақил дар Тоҷикистон ягонтои он студияи онлайнӣ надоранд.
Натиҷаи пажӯҳиши ин созмони ҷамъиятӣ имрӯз, 25-уми май дар шаҳри Душанбе эълон шуд. Дар пайи ин, раҳбари ассотсиатсияи мазкур Зинатуллоҳи Исмоил мегӯяд, ки ҳадафи пажӯҳиш — муайян намудани иқтидори фаннии шабакаҳои мустақили телевизионӣ дар давраи гузариш ба пахши рақамӣ аст.
Ба гуфтаи ӯ, пажӯҳиш тариқи сӯҳбат бо раҳбарони шабакаҳои мустақили телевизионӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон анҷом дода шудааст.
— Тибқи ин пурсиш маълум шуд, ки аз миёни 15 шабакаи мустақили телевизионӣ танҳо дуи он аз таҷҳизоти анологӣ ва дар 13 шабакаи дигар таҷҳизоти рақамии наворбардорӣ истифода мешавад, ки ин таҷҳизот бинобар ба талаботи муосирҷавобгӯ набуданашон, ба сифати наворҳо таъсир мекунанд ва худи мутахассионро низ қонеъ намегардонанд. Ин пажӯҳиш собит кард, ки дар 7 шабакаи мустақили телевизионӣ иқтидори фиристандаҳо аз 100 то 300 ваттро ташкил медиҳад, ки нокифоя аст. Ҳамчунин, дар 10 шабакаи телевизионии пурсидашуда нақлиёти махсус барои наворбардорӣ вуҷуд надорад,- изҳор медорад З. Исмоил.
Бояд гуфт, ки ин пажӯҳиши Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии Тоҷикистон бо мусоидати дафтари намояндагии «Интернюс Нетворк» дар Тоҷикистон анҷом дода шудааст.