“Тоҷикистон” ва “Оила” нашрияҳои серхонандатарин эътироф гардиданд

Рӯзномаи “Оила дар миёни нашрияҳои мустақил, серхонандатарин эътироф гардид. Зимни як раддабандӣ бо гирифтани   37%-и овозҳо дар ҷои аввал меистад.

Ин назарсанҷӣ аз тарафаи Маркази тадқиқоти сотсилогии Зеркало” ва  Ташкилоти ҷамъиятии “Машварати расонавӣ” дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон гузаронида шудааст.

Дар зинаҳои баъдӣ, «Дилкушо», «Муҳаббат ва оила», «Тоҷикистон» «Азия плюс», «Чархи гардун», «Варзиш спорт», «Рекламная газета», «Фараж», «СССР», «Авиценна» ва «Озодагон» мавқеъ гирифтаанд.

Қаҳрамон Бақозода, раиси Маркази тадқиқоти сотсилогии «Зеркало», ки имрӯз дар назди намояндагони расонаҳои кишвар натиҷаи пурсиши сотсиологиро  муаррифӣ мекард, гуфт, ки тадқиқот миёни нафрони аз 18 сола боло гузаронда шудааст. Назарпурсӣ миёни 150 нуқтаҳои аҳолишини Тоҷикистон,  давоми  6 моҳ тариқи телефон гузаронида шудааст.

http://tajikistantimes.com/tajikistan/to-ikiston-va-oila-nashriya-oi-serhonandatarin-etirof-gardidand/

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *