Корхонаи тиллои «Зарафшон»,ки 75 фоизи саҳмияҳояш дар дасти Чин аст, Исмоил Зарифӣ, шоир ва хабарнигори муқими Панҷакент ва идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон»-ро барои мақолаи «Корхонаи Зарафшон. Зар аз кисту заҳр аз кист?» ба суд кашида, аз ҷониби ҷавобгар 10 000 сомонӣ товон талаб кардааст.
Исмоил Зарифӣ, шоир ва рӯзноманигори маҳаллӣ дар шаҳри Панҷакент ва ҳафтаномаи «Тоҷикистон»-ро корхонаи муштараки «Зарафшон» оид ба истихроҷи тилло ба суд додааст. Дар ин бора худи шоир Исмоил Зарифӣ иттилоъ дод.
Дар аризаи даъвогии КМ «Зарафшон» омадааст, ки гӯё Исмоил Зарифӣ бо мақолаи навиштаи худ дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз 12.07.2017 таҳти №28 (1226) бо номи «Корхонаи Зарафшон. Зар аз кисту заҳр аз кист?» маълумоти бардурӯғ паҳн намуда, шаъну эътибори корхонаро паст задаст.
Дар аризаи даъвогӣ, ки бо имзои директории генералии ҶДММ КМ «Зарафшон» Ҷин Шундин ирсол шудааст, гуфта мешавад, ки корхона мақолаи Исмоил Зарифиро паҳнкунандаи маълумоти беасос меҳисобад. Дар аризаи даъвогӣ ҳамчунин ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ҳамҷавобгар дониста шудааст.
Директории генералии ҶДММ КМ «Зарафшон» Ҷин Шундин аз суд хостааст, то ин се талаби корхонаро қонеъ кунад:
— Мақолаи «Корхонаи Зарафшон. Зар аз кисту заҳр аз кист?» беъэтибор дониста шуда, аз шабакаҳои интернетӣ хориҷ карда шавад.
-Ҷавобгар Исмоил Зарифӣ тариқи нашриёти (?) «Тоҷикистон» оиди дурӯғ будани мақолаи худ, радия чоп кунад.
— Барои паст задании эътибори корхонаи «Зарафшон» аз ҳисоби муаллифи мақола Исмоил Зарифӣ ва ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба маблағи 10 000 сомонӣ зарари манъавӣ рӯёнида шавад.
Корхонаи муштараки тиллоистеҳсолкунии Тоҷикистону Чин «Зарафшон», калонтарин корхона оиди истихроҷ ва коркарди тилло дар Тоҷикистон ба шумор рафта, 75%-и саҳмияи он ба ширкати «Зиҷин»-и Хитой ва 25% ба Тоҷикистон мутааллиқ мебошад.
Исмоил Зарифӣ шоир ва хабарнигори муқими Панҷакент буда, таҳаввулоти ин минтақаро барои нашрияҳои марказӣ пайгирӣ мекунад. Исмоил Зарифӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ хеле фаъол аст ва дар шабакаи Фейсбук як гурӯҳи адабӣ ташкил кардааст.
Исмоил Зарифӣ аз ангуштшумор шоирони тоҷик аст, ки ба суханони таҳқиромези Ксения Собчак, ки тоҷикҳоро «бомж» (бехонумон) гуфта буд, бо як шеъри ҷавоб дод:
СОҲИБИ СИНО МАНАМ
Ҷавоб ба Ксения Собчак
Баски бар дашном одат кардаӣ,
Миллати моро ҳақорат кардаӣ.
Эй тиҳиандешаи бемағзи дун,
Бегуноҳеро надомат кардаӣ.
Як нафас бар ҳарфи қалбам гӯш дор,
Аз худу аз таърихи худ ёд ор.
Ҳеҷию аз ҳеҷ пайдо гаштаӣ,
Ҳастӣ чун саг пеши ман беэътибор.
Хондаӣ ту кафтари белонаам,
Гушнаам, андар суроғи донаам.
Ту забони хешро бар ком каш,
Чунки соҳибдавлату фарзонаам.
Андар олам соҳиби Сино манам,
Посдори рӯҳи Мавлоно манам.
Тӯли асли ман кашад то Коюмарс,
Соҳиби мулки биҳиштосо манам.
Нафратат созам ба ҳар як дил задан,
Бар даҳонат мезанам мушти сухан.
Оқибат аз ҳарзаҳои хештан,
Мешавӣ шарманда андар анҷуман.