Дар Тоҷикистон дигарбора истифодаи шабакаи иҷтимои «Фейсбук» имконпазир гашт.
Тавре бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, аз шаби 30 –юми моҳи равон дигарбора имкони ворид шудан ба шабакаи иҷтимоии «Фейсбук»-ро пайдо кардаанд. Вале то кунун муштариёни баъзе ширкатҳои мобилӣ наметавонанд, ки озодона аз видеопортали Ютуб, шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» ва хабаргузориҳои «Озодӣ» ва «Озодагон» истифода баранд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон аз моҳи сентябр инҷониб дастрасӣ ба якчанд шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабаргузориҳи масдуд аст. Ахиран дасрасӣ ба шабакаи иҷтимоии «Фейсбук»-ро аввали моҳи октябр маҳдуд карда буданд.
http://faraj.tj/news/11927-to1207ikiston-feysbuk-dastras-shud-ammo-odnoklassniki-vu-yutub-ne.html