ТЕЗИСҲОИ маърӯзаи “Риояи меъёрҳои Қонуни нави матбуоти даврӣ дар амалияи рӯзноманигорӣ”

(Маърӯза дар асоси пурсиш ва суҳбат бо журналистони хабарсоз, коршиносону тадқиқотчиёни соҳа, муҳаррирону сармуҳаррирони ВАО, новобаста аз шакли моликият, сиёсати редаксионӣ, забони нашр ва мансубияти ҳизбӣ таҳия шудааст).

Т1: -Қонунгузории ҷорӣ дар ин бахши муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ, мисли дигар соҳаҳо ба тавру бояду шояд иҷро намешавад. Сабабҳо гуногунанд, вале аксарияти ҳамсуҳбатони мо авлавийят надоштани иҷрои талаботи қонун барои ҳукумати иҷроияро омили асосӣ унвон карданд.

Қонунгузорӣ дар ду соли ахир беҳтар шудаааст. Хоса дар ду самт:

а) Барҳам задани ҷавобгарии ҷиноӣ барои туҳмат ва таҳқир;

б) Дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоот.

Муҳлати серӯзаи пешниҳоди иттилооти фавриро аксарияти журналистони хабарсоз ва сармуҳариррон дастовард меноманд, вале чанд нафар аз пешоҳангони ин самт таъкид намуданд, ки ба муносиботи инфиродии бидуни истифода аз дархостҳои хаттӣ авлавият медиҳанд. Зеро муҳлати серӯза дар муҳити зуд-зуд тағйирёбанда хеле зиёд аст. Сифати пешниҳоди иттилоъ ҳамоно мелангад, вале тамоюли рушди он, хоса дар расонаҳои тоҷикӣ умедворкунанда мебошад.

Сабаби худдории ниҳодҳои ҳукуматӣ, шуруъ аз ҳок. иҷроия то ҳок. судӣ аз пешниҳоди иттилоъро ҳамсуҳбатони мо асосан дар ду чиз мебинанд:

1. Камаърифатӣ ва ҳатто бесаводии роҳбарони аввали идораву вазоратҳо, ки метарсанд мабодо сухани ноҷое назананд. Ин тамоюл баъди суханронии Амонулоҳи Ҳукуматулло боз ҳам баръало шуд.

2. Аъзои бонуфузи ҳукумат, ёрдамчиёну мушовирони президент, раиси парлумон бе иҷозати роҳбари давлат расонаӣ шуданро таҳдид ба карйераи худ медонанд. Таҷрибаи муовини сарвазир Азим Иброҳимро истисноном мебаранд.

Далели муносибати саҳлангоронаи ниҳодҳои ҳукуматӣ ба се асноди асосии танзимкунандаи соҳа: Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар ВАО”, Қонун “Дар бораи иттилоот” ва Фармони № 622-и Президент ҶТ мавҷуд набудани назорати иҷрои якхелаи қонунгузорӣ дар нақшаи чорабиниҳои Прокуратураи генералӣ мебошад.

Барҳам хурдани талаби қайди дубораву себораи давлатӣ дар Вазорати фарҳанг, Вазорати адлия ва Кумитаи андоз аз дастовардҳо ба шумур меравад, вале кушишхои Вазорати адлия барои танзими бештари СҶҒ нигаронкунанда аст.

Низоми иҷро ва назорати талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” танҳо дар ду расона мавҷуд асту бас. Идораҳои расонаҳои ватанӣ аз имконоти фароҳамовардаи ин қонун истифода намебаранд.

Ба ҷуз як нашрия, ВАО-и мавриди назар муроҷиатҳои шаҳрвандонро ба идораву муассисаҳои дигар равон намекунанд.

Баҳси марзӣ бо Қирғизистон нишон дод, ки ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар муҳити расонаии миллӣ ва минтақаӣ номуваффақанд!

Т2: — Дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоот дар кулл каме беҳтар шудааст, хоса дар бахши паҳн кардани иттилооти “безарар” ба манфиатҳои соҳавӣ ва идоравӣ, вале каммаърифатии роҳбарони аввали кумитаву вазоратҳо, бесалоҳиятӣ, футболи бюрократӣ, қонуннописандӣ, кашолкорӣ ва ҳатто камсаводӣ ҳамоно аз вижагиҳои хадамоти матбуотӣ ва масъулони равобит ба ҷомеаи аксарияти муассисаву вазоратхонаҳои кишвар боқӣ мондаанд.

Ҳамсуҳбатони мо аз Панҷгонаи зерин ном бурданд, ки иттилоъи расмӣ гирифтан аз онҳо хеле мушкил ва ҳатто номумкин аст. Муносибати ин ниҳодҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайрикасбӣ баҳогузорӣ мешаванд:

1. Вазорати молия

2. КДАМ

3. Прокуратураи генералӣ

4. Вазорати тандурустӣ

5. Суди Олии ҶТ

Ҳамзамон онҳо аз панҷгонаи зеринро ном бурданд, ки иттилоъ гирифтан аз онҳо осонтар буда, муносибаташон бо хабарнигорон нисбатан касбитар аст:

1. Вазорати маориф

2. Бонки миллии Тоҷикистон

3. Шаҳрдории Душанбе

4. Вазорати фарҳанг

5. Вазорати корҳои дохилӣ

Муносибати хадамоти ВКД-ро бо расонаҳо чанде аз ҳамсуҳбатони мо интихобӣ номиданд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба ҷуз аз ду ҳолат идораҳои ВАО ба мақомоти болоӣ, прокуратура ва судҳо ҷиҳати мушкилэҷодкунӣ дар дастрасӣ ба иттилоот муроҷиати хаттӣ надоштаанд.

Т3: — Идораҳои расонаҳо ва журналистони хабарсоз маъмулан аз абзори қонунӣ истифода бурда наметавонанд ё намехоҳанд. Чунончӣ, таҷрибаи равон кардани дархостҳои хаттӣ, чӣ аз тариқи почтаи маъмулӣ, курерҳо ва почтаи электронӣ роиҷ нест ва аҳён-аҳён истифода бурда мешавад. Пайгирии бардавом ва барои мансабдорону масъулон хастакунанда аз вижагиҳои ҷомеаи журналистӣ набудааст. Аксарияти кулли журналистони ҷавон дархости хаттӣ навишта наметавонанд. Дар мактабу донишгоҳҳо ба онҳо ҳамчунин малакаро намеомӯзондаанд ё омӯзишашон бесамар аст.

Т4: — Низоми иҷро ва назорати талаботи Фармони № 622 ба ҷуз аз ду расона дар дигар ВАО вуҷуд надорад. Ҳол он ки дар муҳити сиёсии Тоҷикистон аз абзори ҷиддӣ ва самаранок маҳсуб мешавад.

Т5: — Вокуниши мақомот ва мансабдорони алоҳида ба матолиби расонаҳо бамаротиб зиёд шуда, шаклҳои нав аз худ кардааст.

Чанде аз ҳамсуҳбатони мо таъкид карданд, ки зангҳои телефонӣ бо лаҳни тунд ба сифати вокуниш кам шуда, теъдоди номаҳо ва мақолаҳои ҷавобӣ афзудааст.

Дар чопи вокунишҳо масъулони ВАО муносибати интихобӣ дошта, аксаран ба қонуншиканиҳои ночиз роҳ медиҳанд.

Аксарияти вокунишҳо ғайрикасбӣ буда, ба баррасии муаллиф ва расонаҳо бахшида шудаанд. Дар онҳо маъмулан худсафедкунӣ ба назар мерасад. Ҳамсуҳбатони мо аз миёни вокунишҳои фаврӣ ва солим мактубу матлабҳои шаҳрдории Душанберо ном бурданду аз вокунишҳои носолими ҳукумати иҷроия матлабҳои «Фабрикаи ҷавоб»-ро.

Аз вокунишҳои ғайримаъмулӣ ба масъалагузорӣ ва матолиби интиқодӣ, аз ҷумла дар шакли кӯшиши манипулятсияи роҳбарони ВАО аз ҷониби масъулони алоҳидаи Дастгоҳи иҷроияи Президент ном бурда мешавад.

Бо ҳамин мақсад, номи чанде аз сармуҳаррирон ва журналистони варзида аз руйхати иштирокчиёни чорабиниҳои ҳукуматӣ ва ҷашнӣ руфта шудаанд. Ин корро асосан ба роҳбари Дастгоҳи иҷроия Бахтиёр Худоёров ва ёрдамчии президент Саймурод Фаттоев рабт медиҳанд.

Т5: -Сатҳи озодии баён дар кишвар нисбатан хубтар шудааст, вале зарурати ба вуҷуд овардани механизму протседураҳои нав ва самараноки дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоот эҳсос мешавад. (Баҳои инфиродӣ ба сатҳи озодии баён ва рейтингҳо)
Монеа дар шакли худсонсур, ҳамоно ба як қатор ВАО хос аст, аммо пешоҳангони соҳа, зинаи охирини ин мушкилотро низ пушти сар кардан доранд.

Акнун мавзуъҳои ба фаъолияти мансабдрону шахсиятҳои бонуфуз рабтдошта, минҷумла мавзуъҳои ба оилаи роҳбари давлат, клану марказҳои таъсиррасон, гуруҳҳои моливу саноатии наздик ба мансабдорони воломақом аз зумраи мавзуъҳои хатарнок ба назар намерасанд.

Аз муносибати се роҳбари аввали давлат, танҳо муносибати раиси Маҷлиси намояндагон ба ҷомеаи журналистӣ носолим ва ғайрикасбӣ менамояд. Ҳарчанд ҳамсуҳбатони алоҳидаи мо аз дастурҳои Шукурҷон Зуҳуров ба роҳбарони кумитаҳои парлумон хушбинанд.

Сабаби болотар рафтани сатҳи озодии баён пеш аз ҳама равандҳои глобалӣ унвон шаванд ҳам, аз нигоҳи мо ва чанде аз ҳамсуҳбатҳоямон, мавзеъгирии худи роҳбари давлат дар он таъинкунанда ба назар мерасад.

Саймиддин Дустов,

раиси Шўрои муҳаррирони «Нигоҳ».

Манбаъ: https://www.facebook.com/groups/174255406007665/permalink/482854425147760/

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *