[b]Аз 6-уми августи соли ҷорӣ ягона телевизиони хусусии пойтахти кишвар — «Симои мустақили Тоҷикистон» пахши барномаҳояшро дар басомади нав оғоз кард.[/b]
Дар ин бора муассис ва директори ин телевизион Зинатулло Исмоилов хабар дод.
— Беш аз ду сол аст, ТВ «СМТ» дучори мушкилот буд. Он ҳарчанд иҷозатномаи қонунии фаъолият дар басомади 29-ро дошт, вале базаи ҳарбии Русия мустақар дар Тоҷикистон барномаҳои шабакаи аввали телевизиони Русияро ғайриқонунӣ дар ҳамин басомад пахш мекард ва барои бинандагони ТВ «СМТ» нороҳатиҳо эҷод мекард.
Инак, ҳаводорони барномаҳои ТВ «СМТ» дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ваҳдат, Варзоб, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Ёвону Файзобод имкон доранд ҳамарӯза барномаҳоро аз соати 18.00 то 23.00 ва аз соати 08.00 то соати 14.00 бемамониат тамошо кунанд, — гуфт Зинатулло Исмоилов.
Бино ба иттилои номбурда, барои тамошои барномаҳои ТВ «СМТ» дар пулти телевизор тугмаи «меню»-ро пахш карда, дар бахши «настройка» тавассути «ручная настройка» дар мавҷи детсиметрии UHF, дар басомади 550 мГц метавон барномахои ТВ «СМТ»-ро роҳат тамошо кард.
Ёдовар мешавем, ки СМТ аввалин телевизиони хусусии ҷамъиятӣ-сиёсии пойтахт буда, аз соли 2007 фаъолият дорад.
Эраҷи Амон
Источник: http://tojnews.org/node/3564