«ТЕЛЕРАДИОКОМ»: ИМКОНИ МАҲДУД КАРДАНИ «К+»-РО НАДОРЕМ

Аз субҳи дирӯз намоишибарномаҳои телевизионии «К+» тариқи моҳвора дар дохили Тоҷикистон масдуд шудааст.

Бино ба қавли сокинон, тамошои барномаҳои ин шабака аз субҳи дирӯз, 28-уми май номумкин шудааст.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, дар Тоҷикистон барои ин кор имконияти техникӣ вуҷуд надорад. Бино ба гуфтаи коршиносон, барои кишваре мисли Тоҷикистон масдуд кардани мавҷи як шабакаи моҳвораӣ кори як рӯзу ду рӯз нест ва сарфу хароҷоти зиёдро талаб дорад.

Саъдулло Сафаров, муҳандиси Шабакаи «Телерадиоком»-и Тоҷикистон мегӯяд, «барои таҷҳизонидани чунин дастгоҳҳое, ки мавҷро дар фазои як кишвар қатъ кунад, садҳо ҳазор доллар маблағ сарф мешавад. Ҳамзамон, мутахассисони варзидае дар ин соҳа лозим аст, ки тавонад ба моҳвора “вирус” фиристад. То ҷое ман медонам, мо дар Тоҷикистон чунин имкониятро надорем.

— Барои мисол, дар ин шабака ман метавонам чунин кореро анҷом диҳам, вале амалан мо ин корро накардаем, зеро барои анҷом додани чунин корҳо таҷҳизоти заруриро дар дохили шабака надорем, — мегӯяд Саъдулло Сафаров.

Вай мегӯяд, Чин ва Эрон дар ин самт таҷрибаи зиёде доранду техника низ дар ин кишварҳо пеш рафтааст.

— Тоҷикистон ва ҳар давлати дигаре ҳам метавонанд, ки пахши дилхоҳ шабакаро аз беруни кишвар тавассути дастгоҳҳои махсус қатъ кунанд ва барои ин корро кардан низ ҳам пули зиёде масраф хоҳад шуд. Бо ин усул агар шабакаи телевизионие аз моҳвора қатъ карда шавад, тамошои он дар тамоми кишвар ғайриимкон мегардад.

Дар ҳамин ҳол, Асомиддин Атоев, раиси Ассотсиатсияи интернет-правайдерони Тоҷикистон, гуфт, чунин имконият дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

— Шояд, имконияти техникии масдуд кардани барои мисол «К+» дар Тоҷикистон набошад, шояд, бошад. Мо ин чизро дақиқ гуфта наметавонем. Аммо имкони масдуд кардани пахши барномаҳои он тавассути оператори моҳвора ҳаст.

Сомонаи интернетии телевизиони «К+» ва видеопортали Ютюб беш аз як ҳафта боз  дар ҳудуди Тоҷикистон дастнорасанд.

Аз масдудияти Шабакаи К+ дар Дар Тоҷикистон дар ҳоле ҳарф мезананд, ки ин шабака тӯйи арӯсудомодии Рустами Эмомалӣ, писари президенти Тоҷикистонро, бо шарҳи Додоҷони Атовулло, журналисти мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон намоиш дод.

Сару садо дар атрофи намоишномаи мазкур тамоми манотиқи Тоҷикистонро фаро гирифта, ахири ҳафтаи гузашта чанде аз сокинони ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аз зуд-зуд хомӯш шудани барқ иттилоъ медоданд. Ба гуфтаи онҳо, миёни мардум мегӯянд, замони хомӯш шудани барқ ба пахши барномаҳои телевизион «К+» рост омадааст. Аммо дар «Барқи тоҷик» ин иддаоро рад карда, ба TojNews гуфтанд, барқ ба аҳолии вилояти Хатлон мунтазам дода мешавад.

http://tojnews.tj/teleradiokom-imkoniyati-masdud-kardani-k%2Bro-nadorem

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *