Сафорати Русия ба таъхир афтодани сабти номи Намояндагии “Россия сегодня” (Русия имрӯз ё Russia Today), бузургтарин оҷонсии иттилоотии Русия дар Тоҷикистонро “дарднок” қабул кардааст.
28-уми декабр Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон бо таассуф ба хабарнигорон гуфт, ки “ин масъала то ҷое барои мо “дарднок” аст. Сафорати Русия чандин бор ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин бора муроҷиат кард. Мутаассифона, ҳамеша посух медиҳанд, ки масъала дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Ҳудуди як сол шуд.”
Беш аз як сол мешавад, ки намояндагии “Россия сегодня” (Русия имрӯз ё Russia Today), бузургтарин оҷонсии иттилоотии Русия дар Тоҷикистон сабти ном нашудааст. Як соли қабл ин гуфтугузор дар ҷомиа ва сипас расонаҳо ба миён омада буд, ки “силоҳи қавитарини иттилоотии Кремл” дар Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ хоҳад кард.
Аз моҳи ноябри соли гузашта, ин расона чандин тан аз хабарнигорони тоҷикро ба кор қабул карда буд. Нимаи моҳи декабри соли равон ин хабаргузорӣ эълон карда буд, ки шартномаи ҳамкорӣ бо бархе аз хабарнигоронашро тамдид нахоҳад кард. Аз 15 корманде, ки дар Тоҷикистон барои намояндагии ин расона истихдом шудаанд, 10 нафарашон то охири сол ҷойҳои кориашонро аз даст медиҳанд.
Дар вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ниҳоди масъули танзими фаъолияти расонаҳои хориҷӣ дар кишвар, мегӯяд, масъалаи сабтиноми “Россия сегодня” ҳанӯз дар ҳоли баррасӣ аст. Ҳоло посухи мушаххас дода наметавонанд.
Ин расона ҳоло бо номи “Спутник” фаъолият дорад. Сафир мегӯяд, сомонаи бахши тоҷикистонии он на бо домени миллии тоҷикӣ – tj, балки до домени com www.sputnik.tajikistan.com фаъол хоҳад шуд.
Қаблан, Парвина Ибодова, собиқ раиси Анҷумани ширкатҳои интернетрасон, раҳбари намояндагӣ ва Олга Тутубалина, собиқ муҳаррири ҳафтаномаи “Азия — Плюс” сармуҳаррири “Россия сегодня” таъин шуда буданд. Баъдтар Парвина Ибодоваро Дмитрий Писаренко иваз кард, ки чанде пеш ӯ низ аз Тоҷикистон рафт. Ҳоло Дмитрий Писаренко намояндагии ин расонаро дар Арманистон раҳбарӣ мекунад.
“Россия сегодня” — корхонаи воҳиди давлатии федеролӣ ва Оҷонсии байналмиллалии иттилоотӣ муаррифӣ мешавад. Онро Владимир Путин, президенти Русия дар заминаи муттаҳид кардани собиқ оҷонсии “РИА Новости” ва радиои “Голос России” соли 2013 ташкил карда буд. Раҳбарии онро рӯзноманигор Дмитрий Киселев ба зимма дорад, ки дар доираҳои рӯзноманигорӣ мубаллиғи сарсахттарини сиёсатҳои Кремл шинохта мешавад. Рисолати “Россия сегодня” — ро низ коршиносон таблиғи бидуни баҳси сиёсатҳои Кремли путинӣ арзёбӣ мекунанд.
Русия яке аз кишварҳои соҳиби нуфуз дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Бино ба иттилои вазорати корҳои хориҷӣ, ҳоло 10 расонаи русӣ, аз ҷумла телевизионҳои “Россия” ва “ОРТ”, “Итар ТАСС”, “Фото “Итар ТАСС”, рӯзномаҳои “Транспорт России», хабаргузориҳои “Регнум» ва “Интерфакс” дар Тоҷикистон фаъолият доранд. Пойгоҳи низомии 201 ду расона – “ТВ 201” ва “Солдат России” дорад, ки бар пояи Созишномаи миёни Тоҷикистону Русия дар бораи пойгоҳи низомии 201 фаъолият мекунанд.
“Россия сегодня” ба ҷуз забони русӣ ба 45 забони дигар дар Аврупо, Осиё, ИДМ, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ пахш мешавад.
Сармоягузории он мустақим аз буҷаи Русия буд, барои соли 2015 барояш 6 миллиарду 48 миллион рубл, ҳудуди 130 миллион доллар ҷудо шудааст.