Ҷаласаи ғайринавбатии Шўрои ВАО-и ҶТ, ки 21 январи соли 2013 баргузор гардид, бо ҳ узури муҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Абдумудассир Аҳмадзода.
мақолаи «Секс» дар ҳ оҷатхона»-и ҳ афтаномаи «Тоҷикистон» (№2(993), 10.01.2013)-ро мавриди баррасӣ қарор дод.
Қироншоҳи Шарифзода — раиси Шўрои ВАО-и ҶТ дар оғози ҷаласа гуфт, ки ҳарчанд дар ин бора ба мо шикояти хаттие нарасидааст, зарур донистем, бо ташаббуси худ ба маводи мазкур вокуниш нишон диҳем. Зеро маводи ба ин монанд, навиштаҳое, ки ба инъикоси мавзўъҳои ба арзишҳи башарӣ, ба фарҳанги миллии мо бегона ва фарогири масъалаҳои фисқу фуҷур ҳастанд, вақтҳои охир дар саҳифаҳои матбуоти даврии мо ҳарчи бештар пайдо мешаванд. Дар ёд дошта бошед, дар ҷаласаи моҳи ноябри соли 2012-и Шўрои ВАО низ масъалаи баррасишуда ба чунин маводи нашрияҳо дахл дошт ва тавсияҳои мо барои пешгирӣ аз чопи маводи ҳаммонанд дар матбуоти даврӣ равона шуда буд.
Ширкатдорони ҷаласа Гузориши аъзои Шўрои ВАО-и ҶТ Саидмухтор Боқизода ва Раҷаби Мирзоро дар бораи халалдор шудан ё нашудани «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» дар мақолаи «Секс» дар ҳоҷатхона» шунида, қайд намуданд, ки нашрия ба таҳқиқи проблемаи пайдошуда дар ҷомеаи имрўза даст задааст. Ҳамчунин гуфтан метавон, ки дар маводи мазкур «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» халалдор нашудаанд, вале дар мақола риоя нагардидани тавозуни назарҳо арзиши публитсистии онро то ҷое коҳонидааст.
Аз ин ҷо, ба редаксияҳои воситаҳои ахбори омма тавсия мегардад, ки ҳангоми инъикоси мавзўву масъалаҳои вобаста ба костагии ахлоқи наврасону ҷавонон, бо назардошти вижагиҳои суннатҳои миллӣ, ба ҷойгоҳу мавқеи ҳарфу сухан таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, ба таҳия ва таҳрири мавод бар асоси риояи принсипҳои фаъолияти касбӣ ҷиддӣ муносибат намоянд;
Бо вуҷуди ҳақдор будан ба ҷалби харидори иттилоот тавассути матолиби пуршару шўр ва гоҳо ҳангоматалабона, ба қурбонӣ додани пос доштани иффати миллӣ, ки аз меъёрҳои бунёдии сухани катбӣ буда, дар «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» низ сабт гардидааст, набояд роҳ дод.
Қироншоҳи Шарифзода-раиси Шўрои ВАО-и ҶТ.