Агар ба зарурити таърихии пайдоиши ва ташаккули ВАО назар афканем, он ҳамчун як равиши рушди инсонӣ низ, ки имрӯз чун соҳаи мустақили илмиву амалӣ ва ҳатто як соҳаи асосии муайяни касбиву ҳунарӣ дар тамоми ҷаҳон баромад дорад, дар аввали пайдоиши худ ҳамчун як восита ва ё пайвандгару танзимкунандаи фаъолияти касбиву ҳунарии одамон ба вуҷуд омадааст. Яъне асли вуҷуд ва талаботи функсионалии ВАО ин чун воситаи «пайвастагар ё пайвандагар» бояд бошад, на «шикастагару вайронгару порагар».
Аз ин нигоҳӣ илмии менеҷмент онро мо чун фаҳмиши мустаъқили «медиаменеҷмент» шинохтаем. Яъне пайвастагари ҳунарҳо ва дар илми санъат онро «оҳангсоз» мегӯянд. Медиатр асбобе ҳаст, ки ҳунарманд ба воситаи он симҳои ҷуршудаи торро ба ҳаракат дароварда «овози мусиқӣ — оҳанг» — ро пайдо мекунад, ки талаботи аслии ҳаловатбарии дили моро таъмин месозад.
Аз тарафи дигар дар якҷоягӣ боз якчанд асбоби мусиқии дигар низ, ки «медиатор-пайвастагар» доранд, боз ба ин оҳанг зам шуда, ансамбл ва дастаи бузурги касбиеро ташкил мекунанд, ки қудрату тавонмандиву садову мусиқааш боз хеле ва хеле дилчаспу лазаттовар аст, нисбат ба як асбоб дар алоҳидагӣ. Ин қоидаи аслии мазмунӣ дар менеҷмент ва қоидаҳои рушди пурра инъикосгар буда, маҳз муттаҳидии касбиву ҳунарӣ ва мувофиқасозии фаъолиятҳои касбӣ дар як дастаи касбиву ҳунарии менеҷмент талаботи «оинасозӣ» дар роҳбарии менеҷменти муосир мебошанд.
Таъмини ягонагии фунсионалии рушди ВАО ва менеҷмент талаботи асосоии иртиботии касбиву ҳунарии илмии таълимотии макотиби менеҷменти замони муосир мебошанд. Инро чун талаботи ананвии рушди иттилоотии менеҷменти муосир шинохтан мумкин аст. Аммо бо назардошти оне, ки имрӯзҳо шакл ва мазмуну воситаҳои иттилоотиву иртиботӣ куллан тағир ёфтааст, моро зарур аст, ки қабулу зарурати истифодаи онро дар шаклу мазумни системаи рушдёфтаи техникиву технологияи навин пайдо карда, онро самаранок ҳамчун пайвандгарӣ фаъолияти касбиву ҳунарӣ дар роҳбарӣ истифода бубарем.
Албатта,шакли шифоии таъминоти иттилоотӣ яке аз равиши таълимоти макотиби сарварсозии менеҷмент мавқеву манзалати худро ҳеҷ гоҳ гум намекунад. Фарҳангшиноси канадоӣ Г. Маршал менависад, ки « То замони шакли хаттии иртибот ва муомилаи одамон шакли беҳтарини иртиботӣ ва пурраи иттилооти буда, функсияи олии муносибати иттиолотӣ ва алоқаи байни одамонро пурра таъмин мекард, одамон бо воситаи иттилооти шифоӣ на танҳо якдигарро балки муҳити табииро низ пурра дарк мекарданд ва эҳтироми фарҳангӣ доштанд. Аммо дар баробари пайдо шудани давраи хатти ва китобии иттилоот воқеият зери аломатҳои хатти монда пушида гаштааст, ки барои фаҳмиши он боз зарурати бо калид кушодани он аломатҳо ба миён омадааст, ки одамонро аз озодии муомилаи иртиботӣ маҳрум кардааст.».
Мо пурра ба ин гуфтаи фарҳангшиноси касбӣ ризо буда, қайд карданием, ки дар ҳақиқат барои кушодани мазмуну мундариҷаи навиштаҷоти хатти зарурати доштани касбу ҳунарӣ махсус ва истеъдоди баланду тарзу усули фаҳмиши асли маъно зарур аст.
Пас, таърихан иттилооти хаттӣ ин худ функсияи бевоситаи таълимотии таъмини рушди касбиву ҳунарии сарварӣ то ба зинаи оинсозиро бо воситаи устуворсозии иттилооти хаттӣ доштааст.
Баробари пайдоиши воситаҳои техники устуворсозии иттилооти имрӯзҳо боз талаботи зиёди фаъолияти касбиву ҳунарии менеҷмент дар шакли хатти ва электронӣ ба вуқӯъ мепайванданд, ки албатта боз талаботи функсионалии ВАО–ро дар таълимоти сарварсозӣ то ба зинаи оинасозӣ дар менеҷмент таъсири баланд доранд.
Макотиби таълимотии сарварсозии менеҷментро мебояд, ки ВАО –ҳамчун модели созанда ва рушдёбанди илми «оинасозӣ» истифода карда, суръатнокии рушди касбиву ҳунарии худро дар баробари дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ рушдёбанда гардонад.
Пӯшида нест, ки тамоми инсоният аллакай хондани китобу журналу иттилооти электронӣ дар интернетро касб кардааст . Имрӯз хело кам одамоне мавҷуд мебошанд, ки хонда ва ё навишта натавонанд. Аммо муаммои асосии рушди неруи касбӣ, имрӯз дар зинаи дигари рушди ВАО пурра шинохта нашудааст. Яъне, пурра аз худ кардани иттилооти касбӣ ва истифодабарии самарноки воситаҳои иттилоотиву иртиботии касбӣ барои хабарнигорон ва сарварону дигар шахсони масъули касбӣ роҳбарӣ шарти зарурӣ мебошад.
Рушди пайвастаи касбиву ҳунарӣ, ки иттилооту барнома ва моделу талаботҳои он дар тамоми воситаи ахбори умум дарҷ гардидааст, вале мутаасифона на ҳама одамон хоҳиши хондан ва ё қобилияту тавонмандии аз худ кардани онро доранд.
Маҳз дар ҳамин нуқта зарурати шинохтани ВАО ва истифодабарии системавиву барномавии он ҳамчун масоили муҳими таълимотии макотиби сарварсозии ҷаҳон мебошанд. Яъне чӣ бояд кард, ки ВАО ҳамчун мактаби сарварсози касбӣ дар дилу хоҳиши одамон ҷой гирад ва онро ҳамагон самаранок барои рушди касбиву ҳунарӣ худ бефосила истифода карда тавонанд.
Имрӯзҳо хатти интернетӣ чунин функсияи мушкилу мураккаби сарварсозиро қисман дар худ гирифтааст, аммо дигар васоти ахбор, аз қабили кино, телевизор, радио, телефон аз талаботи аслии функсионалии худ дур гашта, ба ҷои пайвастгароӣ баъзе мавридҳо бо супоришҳои махсус мақоми ҷудоиандозиҳоро дар худ кашф карда, аз роҳи асосии рушди худ дур мешаванд.
Пас, зарурате пеш омадааст, ки дар рушди ВАО ва умуман истифодабарии касбиву ҳунарии он дар соҳаҳои менеҷмент, ки онро мо дар барномаҳои таълимии макотиби ҷой кунонида, тарзу усул ва моделҳои навини системабандии онро барномасозӣ карда, барои шунаванда роҳу равиш ва методҳои самараноки иситифодаи ВАО таълим дода биомӯзонем.
Донишмандони соҳа ва соҳибкорони машҳури дунё дар бахши системаи интернетӣ Билл Гейтс ҳанӯз 15 сол қабл менависанд, ки имрӯз системаи иттилоотиву иртиботиро монанди системаи асаби одамӣ шинохтан зарурат дорад. Чунки ин система имрӯз имкони ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва ҳатто ислоҳу системабандиву тақсимотро дошта, онро ба шахси талабгор бо кадом шаклу вақту миқдоре ки истеъмолкунанда мехоҳад дастрас менамояд.
Гуруҳи дигари донишмандон ба он назаранд, ки рушду истифодаи ВАО ба шароити фарҳангӣ иҷтимоӣ ва иқтисодиву сиёсии кишварҳо ва халқу миллатҳо вобаста мебошад. Албатта мо низ инро қабул дорем. Аммо дар таълимоти мактабсозии мо медиаменеҷментро ҳамчун равиши устувори оинасозӣ дар роҳбарӣ шинохта, мақсад гузоштаем, ки пеш аз ҳама ба шунавандагони худ система ва моделҳову лоиҳаҳои электронии касбиву ҳунариро омӯзонида, ба онҳо дар системаи навини макотиби электронии менеҷменти муосир таъсиррасон бошем.
Ширкатҳои давлатҳои пешқадами дунё аллакай дар таҷрибаи рушди касбиву ҳунарии макотиби сарварсозии худ самароникиву пешвоии ин низомро исбот кардаанд. Мо низ чунин як пешравии медиаменеҷментро барои корхонаҳову ширкатҳо ва ҳар як фарди алоҳидаи ҳунарманди касбӣ оварда, хоҳиши баланди омӯзиширо дорем. Чунки солҳои охир ВАО аллакай функсияи маркетингии менеҷментро низ қариб пурра ба ӯҳда гирифта, самаранокии фаъолияти касбии макотиби сарарсозии менеҷментро таъмин карда истодааст.
Маҳз тавассути медиаменеҷмент қариб 70% фаъолиятҳои маркетинги менеҷмент ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо то 90% онҳо ба анҷом мерасанд. Ин мисолҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки доираи имконоту таъсиррасонии касбӣ ВАО ба самарнокии фаъолияти менеҷменти муосир хеле васеъ гашта, мо танҳо ва танҳо бо роҳи устуворгардонӣ ва сайқал додани ин равиш то ба зинаи оинасозии сарварӣ метавонем, ки самаранокии фаъолияти идоравии худро боло бардошта, васоити иттилоотиву коммуникатисониро чун дастоварди бузурги макотиби сарварсозии менеҷменти асри ХХ1 асрзёбӣ намоем.
Гуфтан зарур аст, ки мутаасифона имрӯзҳо ҳатто дар сатҳои болоии роҳбарӣ мо ҳолатҳоеро мебинем, ки қарори роҳбарӣ дар сатҳи олӣ аз руи маълумоти иттилоотии ғайрирасмии хусумативу дуруғу тӯҳматҳои ноҷавонмардонаи бахше аз сифлагарони давлатӣ сурат мегирад, ки дар натиҷа ҷавонмардони касбиву ҳунариро ба ҷазои ноҳақ гирифтор месозанд, аммо дере нагузашта, ҳақиқати асли соф болои об мебарояду обрую эътибори сарвари қарор қабул кардаро хеле коста мегардонад.
Ё худ қарори бе асоси таҳлилдии иттилоотии пурраи касбӣ қабул карда, онро ба ҷомеа эълон мекунему аз ӯҳдаи иҷрояш намебароем, ки дар натиҷа норозигии зердастони моро зиёд менамоянд. Чунин мисолҳоро аз таҷрибаи роҳбарии зинаҳои гуногуни идоравии менеҷмент хеле зиёд овардан мумкин аст, ки асосашро истифодаи нодурусти ВАО номидан мумкин аст.
Аз тарафи дигар талаб карда мешавад, ки масъулияти ВАО ва шахсиятҳои масъул барои чунин иттилооти бардуруғ ва ё ҷудоиандозу ғалати касбӣ ҷавобгариро ба ӯҳда дошта бошанд. Ҳатто дар мамолики рушдкардаву сохтори давлатдории демокартӣ доштаи дунё имрӯз донишмандони соҳа ва шахсиятҳои алоҳида талаби онро доранд, ки масъулияти иҷтимоӣ ва фарҳангии иттилоотиро бояд ВАО пурра ба ӯҳдаи худ бояд бигиранд.
Дар ҳақиқат иттилооти бенизому бемантиқу ифротгарона монанди дарёи маҷроашро гумкардашудае мебошад, ки дар наздаш чизеро, ки пайдо намояд шуста мебарад. Натиҷаи онро мо имрӯз аз рафтори гуруҳҳои ифротгароёнаи террористӣ дида истодаем, ки як иттилооти нодурусти ифротгароёна ҷони чандин инсонҳои бегуноҳро зери хатар монда истодаанд.
Аммо дар асл иттилоот ва ВАО вазифадор аст, ки ҷаҳонбинии моро рушду нумӯъ бахшида, асли масоилро ба мо чун оина пешниҳод намоянд. Таърихи башарӣ гувоҳи он аст, ки аксари масоили муҳими муносибатҳои инсонӣ аз рӯйи китобҳои динии иллоҳӣ ва ҳадиси пайғомбарони Худованди бузург ҳаллу фасл мешуд ва касе ҳуқуқи инкор кардани онро надошт. Аммо имрӯзҳо ҳолатҳои гуногунеро мебинем, ки ҳатто тавсиру ташбеҳи ин ояту ҳадисҳоро зумрае аз роҳбарони гуруҳҳо ба тарафи худ гардонида, мардумони бегуноҳро зери азоб мегузоранд ва ё бе ягон асосу қарори боадолатонаи суди сар мебуранд.
Маълум аст, ки имрӯз марзи ВАО тамоми сарҳадҳои давлативу минтақавиро убур карда, байналмилалӣ шуда, вобаста аз дараҷаи даромаднокии онҳои низ ҷаҳонро пурра фарогир гаштааст. Пас назорату зери идораи пурраи давлатӣ гирифтани ВАО имрӯз ҳатто дар ҷаҳони рушдкардаи иқтисодӣ аз имкон берун мебошад. Дар чунин як ҳолати нобаробари рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва иттилоотиву иртиботи менеҷментро зарур аст, ки системаи пурзури тозакунии иттилоот ва системаи махсуси иттилоотиву коммуникатсионии мактаби сарварии худро ташкил намоянд, ки рушди устувори корхонаро пурра таъмин карда, фарҳанги корпоративии менеҷменти корхона ва ё ширкати худро дошта бошанд.
Ба андешаи мо дар ин ҳолат менеҷменти муосир на ин ки худро муҳофизат мекунад аз ҳама гуна системаи ғайрикасбиву ифротгароии ҳунарӣ, балки имкон пайдо мекунад,ки худаш мактаби бузурги фарҳангсози иртиботиву иттилоотии касбӣ гашта, онро асосгузор бошанд. Оиди ин равиши шоистагиву мондагории таърихии роҳбарӣ аз нигоҳи вақтшиносӣ дар китоби 9 –уми менеҷмент мо пурра гуфта гузаштаем.
Агар мо оиди барномаҳои телевизионӣ ва ё наворҳои махсуси дарсӣ ва ё кинофилмҳо андеша намоем, он гоҳ мебинем, ки дар ин равишҳо низ муаммоҳои зиёди фарҳангиву ахлоқӣ ва сиёсиву иқтисодӣ дида мешаванд. Каналҳои теливизионии давлати ҳаракати бартарияти равишҳои сисёсиву иқтисодии давлатиро пешниҳоди тамошобин намуда, шиддатнокии муносибатҳоро ва ҳолати иҷтимоии ҷомеаро зери назорату таҳлили худ қарор дода, мақоми танзимкунандаро гирифта, доимо кушиши таърифу тафсири қарорҳои ҳукумати ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқро таҳлилу баррасӣ намоянд. Кинову наворҳои алоҳида ва ҳатто театрҳои давлатӣ низ қариб бо ҳамин маънову мақом фаъолият мекунанд. Албатта, ин боиси дастгирӣ мебошад.
Вале боз зарурати ташкилу кушодани каналҳои ғайридавлатии касбиву ҳунарии соҳавӣ ва таълимиву таҳлилие низ мавҷуд аст, ки таҳлилгари воқеии ҳодисаву ҳолатҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа бошанд. Яъне, бе ғаразҳои фардиву шахсӣ, ҳизбӣ бояд миссияи таърихии худро иҷро намоянд. Дар баробари он зарурати каналҳои таълимиву тарбиявии дарси менеҷмент ва дигар равишҳои роҳбарӣ ба миён омадааст, ки дар он тавонанд ҳамаи ҳунармандон ва донишмандонии соҳа, арбобони варзидаи илму донишу варзишу санъату ва ғайра истеъдоду қобилияти баланди ҳунарии худро ба ҷомеаи касбӣ нишон дода тавонанд.
Ба андешаи мо яке аз сабабҳои ба дигар давлату мамалакат рафтани ҳунармандону донишмандони варзидаи соҳаҳои алоҳидаи касбиву ҳунарӣ ин мавҷуд набудани фазои озоди иттилоотии касбӣ мебошанд. Дар баъзе ҳолатҳо донишмандони асил аз ин ҳолат норизогӣ карда, маҷбур мешаванд, ки фикрҳои созандаи худро ба расонаҳои хабарии опозитисонӣ байён кунанд. Радио ва телевизиони касбӣ бояд шаклу мазмуни касбиву ҳунариро дар худ гирифта, дар он танҳо ҳунари озоди касбӣ бе ягон таърифу тавсифи беҳудаи сиёсиву ҳизбӣ нишон дода мешуд, танҳо он ҳолат дар роҳи илмиву касбии ҷомеа ВАО функсияи асосии худро иҷро карда метавонист.
Барои ба мақсадҳи олии сарварсозӣ дар роҳбарӣ расидан макотиби сарварсозии ҷаҳониро зарур аст, ки дар муносибат ба ВАО система ва талаботи махсусу модели пурқуввату барномадори воқеии ҳаракатҳои касбиву ҳунарии худро дошта, ҳеҷ гоҳ аз иникоси аслии масоил дур набошанд ва маводи ғайрикасбиву ахлоқиву ҳунариро ба истеъмолгарони худ пешниҳод нанамоянд.
http://www.pressa.tj/article/tavarali-ganievvao-payvandgar-boshad-na-vayrongar