Татбиқи муқаррароти қонунгузорӣ оид ба дастрасӣ ба иттилоот беҳбудӣ мехоҳад

13 июн дар Маркази тадқиқотҳои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар мавзӯи татбиқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон дар соҳаи дастрасӣ ба иттилоот бо иштироки журналистон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмиллӣ сӯҳбати гирди миз барпо гашт.

Раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев сӯҳбатро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайра мақдам гуфт. Дар суханронии ифтитоҳии худ Н.Қаршибоев аз ҷумла зикр намуд, ки АМВАОМТ тӯли беш аз 10 соли охир дар мавриди дастрасии журналистон ба иттилоот як зумра тадқиқот анҷом дода, натиҷаи онон дастраси журналистон ва мақомоти давлатӣ гардонда шудааст.

— Мақсади ҳамаи тадқиқотҳои мо дар мавриди дастрасӣ ба иттилоот дар ҷомеаи кишвар ба вуҷуд овардани фазои мусоиди иттилоотӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ аст, — гуфт Н.Қаршибоев.

Раиси АМВАОМТ дар бораи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастарсӣ ба иттилоот муфассал суханронӣ намуд. Аз ҷумла қайд намуд, ки Қонуни нави ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки 19 марти соли 2013 аз ҷониби Раиси ҷумҳур ба тасвиб расид, ба бисёр масъалаҳои воситаҳои ахбори омма рӯшанӣ андохта, як идда меъёрҳои наверо пешбинӣ намудааст, ки барои сабук сохтани фаъолияти журналистон ва ВАО мусоидат менамоянд. Ин муқаррарот воситаҳои ахбори оммаро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои иттилоотӣ эътироф намуда, ба тавсеаи дастрасӣ ба сарчашмаҳои иттилоот мусоидат мекунанд.

Дар сӯҳбати гирди миз се гузориши охирини анҷомдодаи кормандони АМВАОМТ, ки ба масъалаи дастрасӣ ба иттилоот бахшида шудаанд, мавриди  баррасӣ гашта буд.

Тибқи барномаи сӯҳбати гирди миз раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев гузориши ба мавзӯи «Вазъи дастрасӣ ба иттилоот: татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ» бахшидаро муаррифӣ намуд. Пас аз анҷоми муаррифӣ атрофи масъалаҳои дар гузориш ба миён гузошташуда саволу ҷавоб ва мубоҳисаи иштирокчиёни сӯҳбат оғоз гардид.

Лидия Исамова, хабарнигори РИА «Новости» перомуни муносибати байни журналистон ва марказҳои матбуотии мақомоти давлатӣ суханронӣ карда, аз ҷумла савол дод, ки оё забони дархост ба мақомоти давлатӣ аҳамият дорад, ё журналистон дархосташонро ҳатман ба забони давлатӣ пешниҳод кунанд.

Ба саволи мазкур Н.Қаршибоев посух гуфта, қайд намуд, ки забони дархост ба забони воситаи ахбор вобаста аст. Масалан, забони рӯзномаи «Азия-Плюс» русӣ аст ва рӯзномаи мазкур тибқи қонунҳои мамлакат фаъолият мекунад, аз ин рӯ рӯзномаи «АП» дархостҳои худро ба мақомоти давлатӣ метавонад  бо забони русӣ фиристад, зеро забони русӣ мутобиқи қонунгузории кишвар ҳамчун забони муоширати байни миллатхо эътироф шудааст.

Журналисти сомонаи www.ormon.tj Ёқуби Саид хотирнишон намуд, ки дар воситаҳои ахбор хабар дар бораи аз тарафи намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси намояндагон  Низом Қосим омода шудани лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» хабар ба табъ расид. Оё лоиҳаи мазкур метавонад ба меъёрҳои қонуни амалкунандаи матбуот  хатар ворид кунад? Дар робита ба ҳамин масъала Ёқуби Саид инчунин ба қонун ворид намудани масъалаи қонунӣ донистани дархости электрониро ба миён гузошт. «Зеро воситаҳои ахбори омма имрӯз барои ба ҳар як мақомоти давлатӣ расондани дархости хаттӣ шароит надоранд» -, гуфт Ёқуби Саид.

Ба саволи мазкур ҷавоб гардонда, Н.Қаршибоев қайд намуд, ки лоиҳаи номбаршудаи қонуни матбуот аслан хусусияти тасҳеҳӣ дошта, ба муқаррароти бунёдии қонун таъсир надорад.Зимнан, таъкид шуд, ки истифода аз дархости электронї дар замони технологияҳои иттилоотии муосир раво буда, дар амалияи шаҳрдории Душанбе, Вазорати тандурустї ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералї ва баъзе аз ниҳодҳои дигар ба назар мерасад. «Дар ин самт фарҳанги коргузорї такмил мехоҳад» — таъкид намуд Қаршибоев.

Сардори раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустї ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонов дар суханронии худ перомуни муқаррароти қонун дар бораи дар мӯҳлати 3 рӯзи корӣ пешниҳод намудани ҷавоб ба дархости журналист андешаҳояшро иброз дошта, қайд намуд, ки худи ҷараёни омода кардани ҷавоб ба дархост дар мақомоти давлатӣ бо сабабҳои маъмурӣ вақти зиёд талаб мекунад ва ин ҳолат боиси аз мӯҳлати пешбиникардаи қонун дер мондани ҷавоби дархост мегардад.

Дар ҳамин робита Қ.Қурбонов пешниҳод намуд, ки журналистон бо мутахасисони вазорату идораҳо кор карданро омӯзанд, зеро дар ин ҳолат онҳо ба иттилои дархост кардаашон ҷавоби саҳеҳ ва саривақтӣ дастрас менамоянд. Вай инчунин пешниҳод намуд, ки барои омӯзондани тарзи кор бо марказҳои матбуотии мақомоти давлатӣ бо журналистон семинарҳои омӯзишӣ гузаронда шаванд. Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки ба коркунони марказҳои матбуотии мақомоти давлатӣ ҳам кор бо воситаҳои ахбори оммаро омӯзондан зарур аст.

Муовини аввали вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Мирбобоев қайд намуд, ки қариб дар ҳамаи шумораҳои рӯзномаҳо перомуни масъалаҳои соҳаи маориф мақолаҳо ба табъ мерасанд. Вазорат тибқи талаботи қонун вазифадор аст, ки ба ҳамаи мақолаҳои танқидӣ вокуниш нишон диҳад. Баъзан чунин мешавад, ки рӯзноманигорон дар мақолаҳояшон масъаларо нодуруст баррасӣ карда, аз Вазорати маориф талаб мекунанд, ки ба он ҷавоб гӯяд. Вақте ба асли масъала назар меандозед мебинед, ки савол на ба вазорат, балки ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳал дахл дорад. Бинобар ҳамин муовини вазир пешниҳод намуд, ки журналстон дуруст муайян кардани мақоми марбутаро омӯзанд.

Раиси коллегияи Суди Олии ҶТ Т. Қодиров дар мавриди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қарори Пленуми Суди Олии Тоҷикистон оид ба баррасии парвандаҳо дар бораи ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ суханронӣ карда, зикр намуд, ки тағйироту иловаҳо ба масъалаҳои ҷавобгар дар суд, тартиби пешниҳод кардани раддия ва амсоли инҳо дахл доранд. Т. Қодиров низ пешниҳод намуд, ки барои ба журналистон омӯзондани муқаррароти қонун бо онҳо бо иштироки мутахассисон семинар ва тренингҳо гузарондан зарур аст.

Дар сӯҳбати гирди миз инчунин ҳисоботҳои АМВАОМТ “Вазъи дастрасӣ ба иттилоот ҳангоми офатҳои табиӣ” ва «Натиҷаҳои назарсанҷӣ оид ба татбиқи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» шунида шуд. Аз рӯи масъалаҳои мазкур Уғулой Мухторова, таҳлилгари АМВАОМТ ва Абдуфаттоҳ Воҳидов, роҳбари бахши мониторинги АМВАОМТ суханронӣ карданд. Иштирокчиёни сухбати гирди миз дар заминаи ҳисоботҳо  дар бораи дастовардҳо, мушкилот ва пешомадҳои татбиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон дар самти дастрасӣ ба иттилоот табодули назар намуда, барои тавсеаи татбиқи меъёрҳои қонунгузорӣ ва тавсеаи дастрасӣ ба иттилоот тавсияҳо ироа доштанд.

Хадамоти мониторинги АМВАОМТ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *