ТАЪСИСИ СОМОНАИ НАВ БАРОИ БОЛО БУРДАНИ ОБРӮИ ТОҶИК

Бо мақсади боло бурдани обрӯ ва нуфузи миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ як гурӯҳ аз ҷавонони тоҷики муқими Русия бо роҳбарии Халил Қаюмзод, журналисти ҷавон тасмим гирифтаанд сомонаеро фаъол кунанд.

Бино ба гуфтаи муассиси ин тарҳ, Халил Қаюмзод, сомона дар назар аст бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ мтлаб нашр кунад.

Халил Қаюмзод муассиси ин сомона дар сӯҳбат ба TojNews гуфт, ҳадаф аз таъсиси чунин сомона ба даст овардани пул ва ё навъе тиҷорат нест.

-Ҳадафи мо ошно кардани мардуми ҷаҳон бахусус мардуми Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо расму оин, муҳоҷирон, мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии дарунии Тоҷикистон аст.

Мо ният дорем то ҳадди имкон обрӯи миллати тоҷик ва тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ то ба ҳадди имкон боло барем. Дар пушти мо касе намеистад, на Ҳукумати Тоҷикистон, на ягон ҳизби сиёсӣ, — мегӯяд Халил Қаюмзод.

Нақшаи мо таъсис додани як сомонаи миллӣ аст, на сиёсӣ, -гуфт Қаюмзод.

Дар назар аст, сомонаи мазкур 3–юми май дар Рӯзи байналмилалии озоди баён ба кор шурӯъ кунад.

http://tojnews.org/tasisi-somonai-navi-khabari-az-sui-khalil-gayumzod

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *