Таъсиси шабакаи нави мусиқии ТВ «Шаҳнавоз»

Дар назди Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии мусиқӣ ба фаъолият пардохт, ки барномаҳои вижаи мусиқӣ ва ҳунарнамоии овозхонҳои тоҷикро ба намоиш мегузорад.

Телевизиони нав рӯзи 13 ноябр муаррифӣ шуд ва дар ҳамин рӯз расман ба кор пардохт. Ин телевизион 24 соат барномаҳои мусиқӣ таҳия ва тақдим хоҳад кард.

ТВ “Шаҳнавоз” шабакаи ҳафтуми телевизионӣ мешавад, ки дар солҳои

охир таъсис шудааст. ТВ “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Базористон”, ТВ “Варзиш”, “Синамо”, «Душанбе» ҳама телевизионҳои давлатӣ мебошанд. Танҳо телевизионе, ки мақоми мустақилро дорад, СМТ ё “Симои мустақили телевизион” аст, ки ҳамарӯза барномаҳои тафреҳӣ ва фарҳангӣ таҳия мекунад.

Бархе коршиносон мегӯянд, дар бозори дохилии Тоҷикистон ТВ “Шаҳнавоз” ҳамакнун бо телевизионҳои маъруфи форсизабони мисли PMC ва GEM Music вориди рақобат мешавад ва эҳтимолан, тамошобинони аслии телевизионҳои хабариву иттилоотии дигари фаъол дар Тоҷикистонро аз они худ хоҳад кард.

Маросими ифтитоҳи шабакаи нави мусиқӣ

Хуҷаназари Аминиён, як масъули шабакаи давлатии телевизиони “Тоҷикистон” зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки“маросими таъсиси шабакаи мусиқии “Шаҳнавоз” дар заминаи телевизиони давлатии “Тоҷикистон бо ҳузури Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури робита бо ҷомеа ва аҳли фарҳангу ҳунари кишвар сурат гирифт”.

Ба гуфтаи ҷаноби Аминиён, ин шабака дар заминаи телевизиони давлатии “Тоҷикистон”, аммо дар канали алоҳида муддати 24 соат барнома пахш хоҳад кард, ки ғолибан аз консерту барномаҳои мусиқӣ иборат мешавад.

Вай ҳадафи таъсиси ин шабакаро «минбаре васеъ барои густаришу таблиғи мусиқии ноби тоҷик ва балад бардоштани ҳунари мусиқӣ ва ғизои маънавӣ бахшидан ба шунавандагону мухлисон ва ҳамзамон фароҳам овардани шароит барои куллия ҳунармандону овозхонони тоҷик» унвон кард.

Дар ҳамин ҳол Манучеҳр Ализода, ки ҳоло сармуҳарири барномаҳои “Субҳ” –и ТВ “Тоҷикистон” аст, раҳбарии ин шабакаро бар дӯш дорад.

https://www.ozodi.org/a/new-tv-channel-shahnavoz-promotes-tajik-musics/28850676.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *