Таъсиси Кумитаи иттифоқи касабаи хабарнигорон дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии хабарнигорон Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони ВАО такшил шуд.

Нахустҷаласаи Кумитаи мазкур дар ноҳияи Қубодиён баргузор шуд ва онро дар Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ҳамчун шохаи 14-уми соҳавӣ пазируфтаанд.

Раҳмоналӣ Давлатов, ки аз ташкилкунандагони Кумитаи иттифоқи касаба барои кормандони ВАО мебошад, мегӯяд, ки ҳоло ҳудуди 100 нафарро аъзо кардаанд, ки дар оянда шумораи онҳо бештар хоҳанд шуд.  Ӯ гуфт, ки қариб ҳамаи соҳаҳо Кумитаи итифоқҳои касаба доранд ба ҷуз ходимони матбуот, ба ин хотир ин идеяро барои кормандони ВАО пешниҳод кардем, ки хубӣ пазируфта шуд. Ӯ умед дорад, ки ин иқдом аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ низ дастгирӣ меёбад.

Ташкилкунандагони Кумитаи иттифоқи касабаи хабарнигорон қасд доранд, ки дар оянда сафи аъзояшонро зиёд карда, дар баробари ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо барои ба истироҳат равон кардан ва дигар чорабиниҳо мусоидат кунанд.

Масъулин Иттифоқҳои касабаи кормандони ВАО ҳадаф доранд, ки бо даст додани имкон барои хабарнигорони ҷавон давраҳои омӯзиши забон,кор бо техналогяҳои муосирро роҳандозӣ кунанд.

http://www.tojnews.org/tj/news/tasisi-kumitai-ittifoki-kasabai-habarnigoron-dar-hatlon

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *