«Таронаи Афзалшоҳ мушкили ахлоқӣ дошт, на сиёсӣ». ВИДЕО

Масъулони телевизиони “Сафина” мегӯянд, таронаи «Пайкара гиря мекунад»-и Афзалшоҳи Шодӣ ба далели «ҷавобгӯ набудан» ба талаботи телевизиони давлатӣ пахш нашудааст. Онҳо гуфтанд, ин тарона аз нигоҳи ахлоқӣ мушкил дошт, на сиёсиаш.

Масъулони телевизиони «Сафина» мегӯянд, таронаи «Пайкара гиря мекунад»-и Афзалшоҳи Шодӣ ба далели «ҷавобгӯ набуданаш» ба талаботи телевизиони давлатӣ пахш нашудааст. Карим Азизов, муовини раиси «Сафина», 13 июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, пахши ин тарона асосан аз нигоҳи ахлоқӣ мушкил дошт, на сиёсиаш.

Таронаи «Пайкара гиря мекунад», ки таронаи сиёсист, ба қалами шоир Озарахштааллуқ дорад. Ин шеър ноамниҳо ва ҷангу хушунат, аз ҷумла дар Ховари Миёнаро таҳдид ба инсоният унвон кардааст. Афзалшоҳи Шодӣ матни ин таронаро бо хоҳиши яке аз дӯстонаш ба риштаи оҳанг кашида ва барои аввалин бор дар шоми эҷодии Озарахш дар остонаи Наврӯзи имсола дар Душанбе суруд.

Ҳангоми пахши ин маҳфили шеър дар шабакаи телевизионии «Сафина» маҳз ҳамин тарона «қайчӣ» зада шуд. Худи Афзалшоҳ сабаби нашр нашудани таронаашро аз тариқи телевизион и давлатӣ «чанд мисраъ аз ин тарона» гуфт, ки шояд барои ҳамсоякишварҳо нохушоянд бошад.

Аммо Карим Азизов мегӯяд, «ҳангоми хондани суруд Афзалшоҳи Шодӣ ба зону зада ва ашк мерехт ва азбаски остонаи Иди Наврӯз буд, масъулон аз пахши он худдорӣ карданд.” Азизов афзуд, ин ба маънои он нест, ки Афзлашоҳи Шоодӣ шомили «рӯйхати сиёҳ»-и телевизиони онҳо шудааст.

Вай гуфт, «ин тарона танҳо аз ҷиҳати этикӣ ва ҳам бинобар дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз қарор доштан дар телевизион намоиш дода нашуд. Аммо дар маҷмӯъ телевизиони «Сафина» бо Афзалшоҳи Шодӣ мушкил надорад.»

Худи Афзалшоҳи Шодӣ қаблан дар суҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ки таронаи нави ӯ аз таҳти хатар мондани фарҳанги ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳад. «Муташанниҷ шудани вазъи сиёсии дунё ҳар рӯз бар изофаи қатли садҳо инсон, дастоварду осори таъриху фарҳанги миллатҳоро ба нестӣ мебарад. Ироқу Сурия ва Украина — кишварҳое, ки ҳар рӯз даҳшати ҷангу таркишҳоро дар бадани худ эҳсос мекунанд, дар тарона зикр шудаанд,» — хулоса карда буд ӯ.

http://www.ozodi.org/a/27855395.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *