«Тарҳи Қонуни “Воситаҳои ахбори омма” ҳамаҷониба баррасӣ мешавад»

[b]Пешнависи Қонуни “Воситаҳои ахбори омма” дар ҷаласаи ҳайъати давлат, кумитаҳои порлумон ва маҳофили рӯзноманигорони Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.[/b]

Ин нукта рӯзи душанбеи 28 март ба ҳангоми баррасии ин санад дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон таъкид шудааст.

Зимнан, хабарнигорон ва раҳбарони расонаҳои мустақили Тоҷикистон зимни баррасии муфоди Қонуни “Воситаҳои ахбори омма” дар авоили моҳи ҷорӣ хостори баррасии умумии санад шуда буданд.

Олим Салимзода, раиси Кумитаи умури байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоооти Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон ва аз муаллифони тарҳи ин қонун гуфт, дар ҷаласаи Шӯрои порлумон мавзӯъи баррасии умумии ин санади ҳуқуқӣ матраҳ нашудааст.

Ҳамзамон, оқои Салимзода таъкид кард, ки ҳамаи афроди алоқаманд, бахусус, рӯзноманигорон метавонанд назароту пешниҳодоти худро ба муфоди Қонуни “Воситаҳои ахбори омма” ироъа кунанд.

Қаблан, рӯзноманигорон гуфта буданд, ки дар тарҳи ин қонун дар заминаи сабти номи расонаю нашрияҳо ва дастрасӣ ба иттилоот мавҳумоту норӯшаниҳо ба мушоҳида расида ва бояд ин навоқис ислоҳ шавад.

Қонуни “Воситаҳои ахбори омма” се соле қабл таҳия шуда ва пешнависи ин қонун бо ширкати хабарнигорон, раҳбарони расонаҳои мустақил, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ борҳо баррасӣ гардидааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/03/110328_mm_press_law.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *