Имрӯз, 20-уми феврал соати 12:00 дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муаррифии нахустин шумораи гоҳномаи донишҷӯён “Тапиш” баргузор мешавад.
Нахустин шумораи “Тапиш” 20-уми феврал дар нашриёти “Каримҷон Қодирӣ” бо теъдоди 90 нусха ба нашр расидааст. Сармуҳаррири гоҳнома Хуршед Мавлонов, донишҷӯи курси 3-юми факултети журналистика мебошад.
Хуршед Мавлонов ба роҳ мондани гоҳномаро талоше барои соҳиби минбар кардани донишҷуёни факултет унвон кард, ки то тавонанд маводҳои худро ба табъ расонанд.
Нахустин шумораи “Тапиш” ба муносибати 23-юми феврал — Рӯзи артиши миллии Тоҷикистон рӯи чоп омадааст. Гоҳнома аз 4 саҳифа иборат буда, дар саҳифаи нахусти он мақолаҳои Моҳира Мирзоева, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултет бо унвони “Мо нажоди Рустамему Коваи оҳангарем” ва маводи “Артиши миллӣ” аз сармуҳаррир ҷой дода шудааст.
Дар саҳифаҳои баъдӣ лавҳа дар бораи Сангимаҳмад Сатторов, устоди кафедраи ҳарбии ДМТ, “Як рӯз дар таърих”, “Назарпурсӣ: Тӯҳфаи беҳтарин ба мардон дар рӯзи 23-уми феврал чист?”, “Ҳимояи марзу буми Ватан ҳам қарзу ҳам фарз” ва “Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ” ба чашм мерасанд.
Гоҳномаи донишҷӯёни факултети журналистика дар ҳоле нашр мешавад, ки чанде қабл 3 донишҷӯи ин факултет бо нашри як мақола хостори таъсиси газетаи алоҳида барои ин факултет шуданд. Дархости онҳо бидуни посух монд.
Замимаи ҳафтаномаи ДМТ “Ба қуллаҳои дониш” бо номи “Пайки қалам” ба ихтиёри донишҷӯёни факултаи журналистика вогузор шудааст.
Нашр шудани гоҳномаи “Тапиш” аввалин кӯшиши донишҷӯёни факултети журналистика барои таъсиси газетаи худ нест. Солҳои 2003-2004 низ факултети журналистика дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ҳафтаномаеро бо номи “Қалам” ба табъ мерасонд. Аммо баъдтар ин ҳафтанома бинобар сабабҳои молӣ аз нашр боз монд.
Copyright © 2015 TojNews
http://tojnews.org/tj/news/tapish-gokhnomai-donishchuyoni-fakultai-zhurnalistikai-dmt