Тақозо барои баррасии умумии тарҳи қонуни матбуот

[b]Хабарнигорон ва раҳбарони расонаҳои мустақили Тоҷикистон мехоҳанд, тарҳи Қонуни “Воситаҳои ахбори омма” ба сурати густарда мавриди баррасии ҷомеъаи кишвар қарор бигирад.[/b]

Дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе рӯзи ҷумъаи 11 март зимни баррасии пешнависи Қонуни “Воситаҳои ахбори омма” пешниҳод шуд, ки ин тарҳ бо тавсияи Шӯрои Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон дар нашрияҳои расмии кишвар чоп шуда ва дар муддати се моҳи оянда аз ҷониби сокинони кишвар баррасӣ шавад.

Дар назар аст, тарҳи ин қонун рӯзи 18 марти соли ҷорӣ ба порлумони Тоҷикистон ироъа шавад.

Аммо Олим Салимзода, раиси Кумитаи умури байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва матбуъотии Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон ва яке аз муаллифони тарҳи Қонуни “Воситаҳои ахбори омма” гуфт, ки пешнависи ин қонун дар зарфи се соли ахир бо ширкати хабарнигорон, раҳбарони расонаҳои мустақил, намояндагони созмонҳои ғайридавлаӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шудааст.
Ҳамчунин, барои баррасии пешниҳодот ва ҳамоҳанг сохтани муфоди ин санад гурӯҳи корие бо шумули намояндагони порлумон, хабарнигорони собиқадор ва намояндагони вазоратҳои зирабт таъсис шуда буд.

Оқои Салимзода гуфт, бо ин вуҷуд мубоҳисот ва ибрози назарҳо дар атрофи муфоди ин санади ҳуқуқӣ ҳамчунон идома доранд.

Яке аз масоили мавриди баҳс дар тарҳи ин қонун дар заминаи сабти номи расонаю нашрияҳо будааст, ки гуфта мешавад бархе аз нукоти норавшан дорад ва низоми сабти ном дар он бояд мушаххастар дарҷ шавад.

Ба гуфтаи Қироншоҳ Шарифзода, раиси созмони ғайридавлатии “Журнолист” тибқи ин санад расонаҳою нашрияҳо “ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” бояд аз тариқи “равзанаи ягона” дар Кумитаи молиёт сабти ном шаванд.

Оқои Шарифзода таъкид кард, ки бар асоси қавонини Тоҷикистон созмонҳои соҳибкорӣ ё тиҷоратие чун “Оила”, ки чанд нашрия доранд, аз ин тариқ сабти ном мешаванд. Аммо ба гуфтаи вай мавзӯъи норавшан дар тарҳи ҷадиди қонун ин ҷост, ки «сарнавишти нашрияҳои созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбӣ, ки созмонҳои тиҷоратӣ маҳсуб намешавнад, чи хоҳад шуд?»

Бар асоси қонуни феълӣ, ин созмонҳо дар Вазорати адлия сабти ном шуда ва сипас нашрияҳои онҳо дар Вазорати фарҳанг сабт мешаванд.

Масъулони нашрияҳои мустақил гуфтанд, дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон бо шумули Русия сабти номи нашрияҳо дар ниҳодҳои давлатӣ аз миён рафта, балки нашрияҳо пас аз огоҳ сохтани ниҳодҳои молиётӣ дар бораи фаъолияти худ, оғоз ба кор мекунанд.

Нуктаи дигари мавриди баҳс дар тарҳи қонуни ҷадид дастрасӣ ба иттилоъот будааст, ки тибқи ин банди қонун муддати додани посух ба расонаҳо аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ се рӯз пешбинӣ шудааст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, дар бештари маворид хабарнигорон ба ҳангоми таҳияи гузоришҳои хабарӣ ба посухи сареъ ниёз доранд.

Ҳамчунин, дар ҳамоиши рӯзи ҷумъа пешниҳод шуд, ки мақоми ҳуқуқии сойтҳои хабарии интернетӣ низ ҳамчун «матбуъот» дар пешнависи Қонуни “Воситаҳои ахбори омма” шинохта шавад.

Зеро ба гуфтаи Султони Ҳамад, рӯзноманигори тоҷик, кормандони сойтҳои ҷудогонае низ ҳастанд, ки гузоришу хабарҳо таҳия мекунанд, ва таҳиякунандагони он рӯзноманигор маҳсуб мешаванд.

Олим Салимзода, раиси Кумитаи умури байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоъоти Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар зарфи як ҳафтаи оянда ҳамоиши дигаре барои баррасии ин санад баргузор шуда ва танҳо пас аз «баррасии ҳамаҷониба» пешнависи Қонуни “Воситаҳои ахбори омма” ба порлумон ироъа гардад.

Зимнан, қонуни феълии матбуъот дар моҳи декабри соли 1990 тасвиб шуда ва дар зарфи 20 соли ахир 5 маротиба ислоҳ шудааст.

Дар солҳои 2001, 2005 ва 2008 тарҳҳои қонуни ҷадиди матбуъот аз сӯйи созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон ва бо пуштибонии ҳуқуқии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо таҳия шуда, аммо мавриди ҳимояти давлати Тоҷикистон қарор нагирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, созмони “Медиа Алянс”-и Тоҷикистон эълом кард, ки қонуни олтернотиви матбуъотро таҳия карда ва барои баррасӣ ба порлумони Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/03/110311_mm_press_law.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *