Ширкаткунандагони як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе хостори анҷоми ислоҳоте густарда дар бахши иртиботот ва эҷоди меконизмҳои шаффоф барои танзими бозори расона ва мухобирот дар Тоҷикистон шуданд.Ин меконизмҳо аз ҷумла шомили таъсиси ниҳоди мустақилле барои танзими фаъъолияти расонаҳо, судури муҷаввиз барои пахши барномаҳои родию-телевизиюнӣ ва рафъи муноқишоти расонаӣ мешавад.
Ҳамоиши «Хадамоти иртиботӣ, пахши барномаҳои родию ва телевизиюн ва таъаҳҳудоти Тоҷикистон баъд аз пайвастан ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ», ки рӯзҳои 18 ва 19 март дар меҳмонхонаи Ҳоёт Риҷенсӣ дар Душанбе доир шуд, шуморе аз коршиносони дохилию хориҷӣ, намояндагони давлат ва ҷомеъаи маданӣ ва масъулони созмонҳои байналмилалиро гирдиҳам овард.
Дар ин ҳамоиш, ки ба ибтикори Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ва Вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон доир шуд, роҳҳои иҷрои таъаҳҳудоти ин кишвар ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ дар заминаи эҷоди фазои озод барои густариши бозори расона ва мухобирот баррасӣ шуд.
‘Бозии мунсифона’
Дар поёни ин ҳамоиш ширкаткунандагон тавсияҳое ба давлати Тоҷикистон ироа карданд. Муҳиммтарини онҳо таъсиси ниҳод ё ниҳодҳое мустақил аз давлат барои танзими бозори расона ва мухобирот аст.
Дар Тоҷикистон ниҳодҳои вижае монанди Кумитеи родию-телевизиюни давлатӣ ва Идораи иртиботот фаъъолият доранд, ки бозори расона ва мухобиротро танзим мекунанд. Аммо ба гуфтаи коршиносон, ин ниҳодҳо мустақил нестанд ва фаъъолияти онҳо муғойир бо усули иқтисоди бозорӣ аст.
Мунтақидон ба Кумитеи родию ва телевизиюн мегӯянд, ки ин кумите «худаш шоҳу табъаш вазир» аст ва ба ҳар кас, ки хоҳад, муҷаввиз медиҳад, нахоҳад намедиҳад. Тайи чанд соли гузашта даҳҳо шабакаи мустақилли телевизиюнӣ дар Тоҷикистон натавонистаанд барои пахши барномаҳои худ аз кумисиюни вижаи вобаста ба ин кумите муҷаввизи пахш дарёфт кунанд.
Гуфта мешавад дар амри тавзеъи фреконсҳо барои пахши барномаҳои родиюӣ ва телевизиюнӣ низ ниҳодҳои вобаста ба ин кумите асли инсоф ва рақобати солимро, ки аз усули умдаи иқтисоди бозорӣ ва аз муқаррароти Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, риъоят намекунанд.
Зинатуллоҳи Исмоъил, раиси Симои Мустақилли Тоҷикистон, як шабакаи телевизиюнии хусусӣ, мегӯяд: «Мустақил будани танзимгари бозори расона бисёр муҳим аст, зеро таҷрубаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бо зуҳури танзимгари мустақил имкони рақобати бештар дар бозори телевизиюн ва родию ба вуҷуд меояд ва уфуқҳои тозаеро барои рушди родию ва телевизиюн метавонад боз намояд.»
Аммо ба гуфтаи оқои Исмоъил, дар Тоҷикистон имрӯз фазои озод ва шароити «бозии мунсифона» барои рақобат миёни ширкатҳои родию ва телевизиюнӣ дар бозори расона вуҷуд надорад. Ва таъсиси ниҳоди мустақил барои танзими ин умур аз аҳдоф ва ормонҳои ҷомеъаи маданист.
Вай афзуд: «Чун айни ҳол танзимгари соҳа яке аз бозингарони асосӣ дар бозори расона мебошад, дар инҷо бархурди (таъорузи) манфиъатҳо вуҷуд дорад. Шумо тасаввур кунед, ки вақте ки як ниҳод (Кумитеи давлатии родию ва телевизиюн) худаш ҳам соҳиби расона асту ҳам ба расонаҳои дигар муҷавиз медиҳад ва онҳоро танзим мекунад, ин амр ғайримантиқист ва бо усули иқтисоди бозорӣ чандон созгор нест.»
Давлатӣ ё умумӣ?
Эҷоди фазои озод ва шароити баробар барои рақобат дар бозори расона эҷоб мекунад, ки родию ва телевизиюнҳои давлатӣ аз давлат мустақил ва ба моликияти умумӣ табдил шаванд. Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон родию ва телвизиюнҳои давлатӣ вуҷуд надоранд ва давлат ҳеч дахолате дар бозори расона надорад.
Аммо ба назар мерасад ин тавсияҳо бархе аз намояндагони давлатро нигарон кардааст. Онҳо бар ин нукта пофишорӣ мекунанд, ки шароити Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ фарқ мекунад ва қавонину муқаррароти роиҷ дар он кишварҳоро наметавон инҷо ба мавриди иҷро гузошт.
Маҳмудхон Сараев, коршиноси дастгоҳи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд: «Дар Тоҷикистон басомадҳо (фреконсҳо) моликияти истисноии миллат аст ва давлат аз номи тамоми миллат истифодаи дурусти онро танзим мекунад. Ҳоло дар қонунгузории мо мафҳуми телевизиюн ва родиюҳои ҷамъиятӣ (умумӣ) вуҷуд надорад. Бояд аввал ин мафҳумро ворид кунем ва баъд таъсис бидиҳем.»
Бархе аз ҳуқуқдонҳо муътақиданд, ки ҳарчанд дар қавонини Тоҷикистон аз мафҳуми «моликияти умумӣ» (ё ҷамъиятӣ) истифода шуда, аммо таърифи рӯшану мушаххасе аз ин мафҳум вуҷуд надорад. Дар натиҷа, давлат бисёре аз ниҳодҳоеро, ки бояд шомили моликияти умумӣ бошанд, ба кунтрули худ даровардааст.
Зимнан, дар системи мухобироти Тоҷикистон низ вазъияти мушобеҳе ба мушоҳида мерасад. Идораи иртибототи ин кишвар, ки саҳми умдае аз бозори иртибототро тавассути ширкати давлатии «Тоҷиктелеком» ба худ ихтисос додааст, фаъъолияти ширкатҳои мухобиротиро кунтрул мекунад.
Дар солҳои ахир аз мавориди зиёди фишори ин ниҳод бар ширкатҳои фароҳамгари интернет ва масдуд шудани дастрасӣ ба сойтҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоъӣ бо ангезаҳои сиёсӣ гузориш шудааст.
Ширкаткунандагони ҳамоиши ду рӯзи ахир ба давлат пешниҳод карданд, ки барои бозори иртиботот низ танзимгаре мустақил таъсис бидиҳад. Дар чунини шароите, дасти Идораи иртибототи Тоҷикистон масалан аз кунтрули фароҳамгарони интернет ва хадамоти телефуни ҳамроҳ кӯтоҳ ва шароит барои рақобати озод миёни ширкатҳои мухобиротӣ фароҳам хоҳад шуд.
Танзимгари воҳид
Ҳарчанд дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон ниҳодҳои ҷудогонае ба танзими бозори расона ва бозори мухобирот машғуланд, дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Олмон, ин вазоифро як ниҳоди ҳамгаро ё воҳид ба уҳда дорад.
Филип Поме, як масъули ниҳоди нозир бар фаъъолияти расонаҳо дар Олмон, мегӯяд: «Созмони мо дар се замина кор мекунад: муҷаввизи пахши содир мекунад, фреконсҳоро танзим мекунад ва ба муноқишот дар бозори расона ва мухобирот расидагӣ мекунад. Дар канори инҳо, мо барномаҳое омӯзишӣ барои кӯдакон ва ақшори дигари осебпазир аз таҳдидҳои интернетӣ дорем.»
Оқои Поме, ки дар ҳамоиши ду рӯзи ахир дар Душанбе дар бораи таҷрубаи Олмон дар заминаи танзими бозори расона ва мухобирот суханронӣ дошт, мегӯяд ниҳоди танзимгар бояд аз истиқлоли молӣ, истиқлол дар тасмимгирӣ, ихтиёроти лозим ва абзори қонунӣ барои иҷрои вазоифаш бархурдор бошад.
Бархеҳо ин суолро матраҳ мекунанд, ки дар сурати таъсиси танзимгаре мустақил оё ин ниҳод метавонад рақобати мунсифона миёни тарафҳои дахил дар бозори расона ва мухобиротро таъмин кунад? Оё ҳеч замонате вуҷуд дорад, ки ин ниҳод ба портибозӣ ва табъиз даст назанад ва масалан ба ширкатҳои «худӣ» имтиёзи бештар ва ба дигарон имтиёзи камтар надиҳад?
Ба гуфтаи коршиносони ғарбӣ, ниҳоди танзимгари бозори рсона ва мухобирот ҳарчанд ба давлат ё ниҳоди дигаре дар бораи фаъъолияти худ гузориш намедиҳад, вале дар ҳар сурат машмули расидаги қазоӣ аст ва тарафҳои норозӣ метавонанд аз тасмимоти он ба мароҷеъи додгоҳӣ шикоят кунанд.
Тоҷикистон авохири соли милодии гузашта ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ пайваст. Бар асоси муқаррароти ин созмон кишваҳои узв чорае ҷуз фароҳам кардани шароит ва имконоти баробар барои эҷоди рақобат дар тарафҳои бозӣ дар бозори расона ва мухобирот фароҳам созанд.
Коршиносон мегӯянд, ки эҷоди ин шароит бидуни таъсиси ниҳод ё ниҳодҳои мустақилле аз давлат барои танзими бозори расона ва мухобирот имконпазир нест. Ин ниҳод ё ниҳодҳо бояд ҳеч гуна вобастагие ба давлат ва тарафҳои дигари дахил дар ин бозор надошта бошанд.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/03/140319_ea_media_telecom_regulation.shtml