Як пурсиши маркази тадқиқоти иҷтимоии «Зеркало», ки бозори матбуоти тоҷикро санҷидааст, муайян кард, ки дар Тоҷикистон шабакаҳои телевизионии Русия мавқеи бештар доранд.
Қаҳрамон Бақозода, раҳбари маркази назарсанҷии “Зеркало” зимни муаррифии натиҷагириҳои пурсиши афкори умум рӯзи 6-уми апрел гуфт: «Ҳадафи аслии тадқиқот ин буд, ки бифаҳмем аҳолии Тоҷикистон аз кадом васоити ахбори умум ва василаҳои иттилоъгирӣ бештар истифода мебаранд».
Натиҷаи тадқиқот маълум кард, ки беш аз 30% тамошобинон шабакаи телевизионии Россия-24, 19% — телевизиони НТВ ва 15 дарсад ТНТ-ро тамошо мекунанд. Ҳамин тавр шабакаҳои дигари русӣ, мисли ОРТ, ТНТ ва Спорт ҳам миёни тамошобинони тоҷик маъруфияти зиёд доштаанд.
Муаллифони пажӯҳиш мегӯянд, набуди рақобати солим ва барномаҳои ҷолиб дар шабакаҳои давлатии Тоҷикистон, ки зимнан шумори онҳо ҳам аз 10 адад гузаштааст, як сабаби аслии камранг будани таваҷҷуҳи мардум ба телевизионҳои давлатӣ аст.
Набӣ Юсупов, раҳбари Маркази «Медиа-консалтинг» мегӯяд: “Фикр мекунам, агар ҳукумат ин нуктаро ба эътибор нагирад, ки маводи (пешниҳодии телевизионҳои Тоҷикистон) онро мардум интихоб намекунад, давлат бой медиҳад. Бояд талош кард, ки маводи мавриди таваҷҷӯҳи мардум фароҳам оварда шавад, то ки тамошобин онро дар дигар ҷо тамошо накунад, на аз шабакаҳои эрониву афғонӣ ва на русӣ«.
Коршиносон мегӯянд, тамошои телевизионҳои русӣ ба зеҳри бинандаи тоҷик беасар намемонад. Аз ҷумла, таҳти таъсири таблиғоти сиёсиву идеологии кишвари дигар мемонад.
Лола Олимова, журналист ва таҳлилгари тоҷик мегӯяд, “қисми зиёди барномаҳои телевизионҳои Русия аз таблиғот иборат аст ва шаҳрвандони мо ҳам, ки ин барномаҳоро тамошо мекунанд, зери таъсири ин таблиғот қарор мегиранд. Мардуми оддӣ наметавонанд таҳлили дурусте кунанд. Одатан тамошобин бояд аз чанд шабака барои худ чизе гирад, аммо вақте тамоми шабакаҳо як чиз мегӯянд, ӯ нохудогоҳ ба шабакаҳои русӣ меравад.
Мардуми мо фикр мекунанд, ки Худо накарда, агар ба Тоҷикистон Толибон ҳамла кунанд, танҳо Русия ба онҳо кумак мекунад. Ин хеле бад аст, агар чунин фикрҳо бошад, пас мардум ба ин таблиғот бовар кардааст. Фазои иттилоотии мо хеле осебпазир аст. Мо завқи шаҳрвандони худро намеомӯзем, то бидонем, ки ба чӣ бовар кунанд. Бояд тамошобини худамонро тарбия кунем”.
Ишораи коршинос ба вижа ба зиёд будани таблиғоти ҳукумати Русия дар шароити афзоиши ихтилофҳои сиёсии миёни ин кишвар бо Ғарб аст. Дар пайи ғасби нимҷазираи Қрим ва шурӯи амалиёти низомӣ дар шарқи Украина, ки ҷудоиталабонаш рӯ ба Маскав мебошанд, дар матбуот ва ба вижа телевизионҳои Русия маъракаи сартосарии таблиғоти ҳукуматӣ ба роҳ монда шуд.
Ба бовари мунаққидон, дар Русия дигар телевизионҳои мустақил ё баёнгари назарҳои мутафовит намондааст. Дар барномаҳои сиёсиву таҳлилӣ ҳам хатти машши идеологияи Кремлин риоя мешавад. Инро соҳибназарон дар Тоҷикистон ҳамчун падидаи манфӣ ва таъсиргузор дар зеҳни ҷомеаи худ ҳам арзёбӣ мекунанд, ки дар ниҳояти амр ҷонибдорони ин сиёсатро дар кишварҳои собиқи шӯравӣ ҳам афзоиш медиҳад.
Вале бархе мақомоту таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, набояд аз ингуна падидаҳо ҳарос дошт. Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқотии стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, ин раванд ҷойи нигаронӣ надорад:
«Ҳеҷ гуфта намешавад, ки таъсири Русия ва ё Амрико аз нуқтаи назари иттилоотӣ ба халқи мо бештар мешавад. Тамошобинони ин каналҳо дар маҷмӯъ хеле камтар аз он ҳастанд, ки дар ин тадқиқот нишон дода шудааст. Ин пурсидашудагон шояд аз Кӯлобу Хуҷанду Душанбе бошанд».
Бо ин ҳама мутахассисон мегӯянд, ба шабакаҳои ТВ Русия бештар рӯ овардани тамошобинон ба он марбут аст, ки бештари сокинони Тоҷикистон ба забони русӣ балад ҳастанд ва барояшон тамошои барномаҳои шабакаҳои русӣ мушкили забонӣ пеш намеорад.
Дар Тоҷикистон шабакаҳои «Телевизиони Тоҷикистон”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон”, ТВ “Варзиш”, “Синамо”, «Шаҳнавоз» ва «Душанбе» ҳама телевизионҳои давлатӣ мебошанд. Танҳо телевизионе, ки мақоми мустақилро дорад, СМТ ё “Симои мустақили телевизион” аст, ки ҳамарӯза барномаҳои тафреҳӣ ва фарҳангӣ таҳия мекунад.
https://gazeta.tj/2018/04/tamoshobini-to-ik-zeri-nufuzi-tv-oi-rus-aror-dorad/