[b]Ҳамзамон бо маросими таҷлил аз «Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуъот» дар Тоҷикистон сойти интернетии хабаргузории мустақилли “Озодагон” ба фаъолият оғоз кард.[/b]
Ба муносибати таҷлил аз ин рӯз, ки бо 3 май мусодиф аст, ҳамчунин як муассисаи ҷадид барои тавзеъи нашрияҳо дар пойтахт ва манотиқи дигари Тоҷикистон бо номи «Чархи озод» ба фаъолият пардохтааст.
Хабаргузории «Озодагон» аз ҷониби Зафари Сӯфӣ, муассис ва сардабири ҳафтаномаи “Озодагон” таъсис шудааст. Вай ҳадафи таъсиси ин сойтро тавлиди хабар ва ироаи сареъи он ба хонанда унвон кард.
Дар назар аст дар марҳилаи аввал хабару матолиби таҳлилии сойти хабаргузории “Озодагон” ба забони тоҷикӣ ва баъдан ба забони русӣ ва алифбои форсӣ низ мунташир шавад.
[b]»Ахбори кӯҳна»[/b]
Зимнан, дар Тоҷикистон ҳашт хабаргузорӣ сабти ном шудаанд, ки дар миёни онҳо “Ховар” хабаргузории давлатӣ буда ва бақия хабаргузориҳои мустақил ва умдатан русизабон ҳастанд.
Муассисони бархе аз хабаргузориҳо, монанди Тоҷнюзу Asia-Plus ва ҳоло Озодагон, ҳамзамон муассисони нашрияҳои ҳамноми инҳо ҳастанд, ки ҳафтае якборӣ чоп мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, дар ҳамоише дар иртибот бо «Рӯзи ҷаҳонии матбуъот» дар шаҳри Душанбе гуфта шуд, ки бештари нашрияҳои тоҷикӣ дар тавлиди хабар нақши муассире надоранд ва хабарҳои онҳо «маъмулан кӯҳна буда ва ё аз сойтҳои интернетӣ» гирифта шудаанд.
Раҷаби Мирзо, хабарнигори тоҷик, гуфт, ки ба истиснои “ИмрӯзNews” нашрияҳои дигари Тоҷикистон ҳафтае як ё ду маротиба мунташир шуда ва бахши аслии матолиби ин нашрияҳоро гузоришҳои сойтҳои форсии Би-би-сӣ ё “Озодӣ” ташкил медиҳанд.
Ба эътиқоди оқои Мирзо, мумкин аст камбуди ҳазинаю кормандони ҳирфаӣ ва нигаронӣ аз моҷароҳои додгоҳии матолиби интиқодию баҳснок боъис шуда, ки нашрияҳои мустақил аз ин шеваи кор истифода мекунанд. Аз ин лиҳоз, теъдоди хонандагони нашрияҳои мустақил ҳамсола коҳиш меёбад.
[b]Тавзеъи нашриёт[/b]
Аммо Рустами Ҷонӣ, раиси кулли нашрияи “ИмрӯзNews”, ин иддаъоро бепоя хонда ва гуфт, ки ба додгоҳҳо кашида шудани чанд нашрияи мустақил дар соли гузашта ҳамин худ нишонаи хабарсоз ва серхонанда будани нашрияҳои мустақил аст.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи оқои Ҷонӣ, нашрияи “ИмрӯзNews” ва родиюи “Имрӯз” аз хабару матолиби хабарнигорони худ истифода мекунанд.
Ҳамзамон, дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки нашрияҳои чопи Душанбе тақрибан ба манотиқи рустоии Тоҷикистон, ки тибқи иттилоъи расмӣ, 70 дар сади мардум дар он ҷоҳо зиндагӣ мекунанд, намерасанд ва сокинони ин манотиқ ба шабакаҳои интернетӣ низ дастрасӣ надоранд.
Ба ин тартиб, дар манотиқи рустоии Тоҷикистон як халоъи иттилоъотӣ ба миён омада ва сокинон танҳо аз родиюву телевизиюни давлатӣ иттилоъ мегиранд ва ба иттилоъи манобеъи мустақил сахт ниёз доранд.
Дар ҳамин ҳол, Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, хабар дод, ки аз рӯзи сешанбе як ниҳоди тавзеъкунандаи нашрияҳо бо номи “Чархи озод” дар ин кишвар фаъол шудааст.
Вай гуфт, ки ин муассиса нашрияҳои чопи Душанберо дар марҳилаи аввал ба навоҳии атрофи пойтахт ва баъдан ба куллияи шаҳру навоҳии кишвар мунтақил ва ба мардум тавзеъ хоҳад кард.
[b]Эътои ҷоизаҳо[/b]
Созмони “Медиа-Алянс”-и Тоҷикистон дар «Рӯзи озодии матбуъот» ба чанд тан аз рӯзноманигорон, нашрияву родиюҳо ва вакилони мудофеъ барои хидматҳои зиёд дар заминаи озодии матбуъот ва дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон ҷоизаҳое эъто кард.
Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири “Наҷот”, нашрияи ҳизби наҳзати исломӣ, ҷоизаи ҷасорати журнолистии ба номи Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоевро дарёфт кард.
Оқои Сайфуллозода дар авоили соли милодии ҷорӣ ҳадафи ҳамлаи афроде номаълум қарор гирифт ва муддатеро дар бемористон ба сар бурд. Гурӯҳҳои мудофеъи озодии баён ин ҳодисаро маҳкум карда буданд.
Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили мудофеъи нашрияҳои “ASIA-Plus”, “Озодагон” ва “Фараж” дар қазияи додгоҳии ин се нашрия барои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон ва рӯзноманигор Раҷаби Мирзо ҷоизаҳои дигари созмони “Медиа-Алянс”-ро гирифтанд.
Дар ҳамоиши рӯзи озодии матуъот рӯзноманигорон ҳамчунин пешнависи як муроҷиъатнома ба порлумон бо пешниҳодҳо барои ислоҳи лоиҳаи қонуни ҷадид дар бораи расонаҳоро баррасӣ карданд.
Аммо қарор бар ин шуд, ки дар зарфи ду рӯзи оянда куллияи пешниҳодҳои нашрияву расонаҳо ва хабарнигорони алоҳида аз ҷониби Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва сипас, матни ниҳоии он ба порлумон ироа шавад.
Тарҳи Қонуни “Воситаҳои ахбори омма” (расонаҳо) се сол қабл аз сӯйи Олим Салимзода ва Акрамшо Фелалиев, намояндагони порлумон, таҳия шуда ва пешнависи он бо ширкати хабарнигорон, раҳбарони расонаҳои мустақил, намояндагони созмонҳои ғайридавлаӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шудааст.
[b]Поси хотири шаҳидон[/b]
Ширкаткунандагони ҳамоиши «Рӯзи ҷаҳонии матбуъот» барои поси хотири хабарнигороне, ки ба ҳангоми адои вазифаи касбии худ ҷон бохтаанд, як дақиқа сукут карданд.
Гуфта мешавад, аз замони касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 то ба ҳол беш аз 80 хабарнигор дар ин кишвар дар шароити мухталиф кушта шудаанд.
Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи “Озодагон”, посдории хотираи рӯзноманигорони шаҳидро гоме муҳим ва зарурӣ хонд, аммо гуфт, ки бо таваҷҷӯҳ ба мусалмон будани бахши аъзами сокинони Тоҷикистон беҳтар аст ба ҷойи як дақиқа сукут ояте аз Қуръон хонда шавад.
Вале ҳозирин ба ин пешниҳод вокунише накарданд. Оқои Сӯфӣ гуфт, ки дар солҳои ахир мавориди қатли рӯзноманигорон сабт нашуда, аммо ҳолатҳои таъқибу фишор бар хабарнигорон ва нашрияҳои мустақил ва қазияҳои додгоҳӣ алайҳи онҳо афзоиш ёфтааст.
Ӯ аз лату кӯби Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири “Наҷот”, нашрияи ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷониби афроди номаълум ва ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳои “ASIA-Plus”, “Озодагон”, “Фараж”, “Миллат”, “Чархи гардун” ва “Пайкон” ёдовар шуд, ки дар зарфи як соли ахир иттифоқ афтодаанд.
[b]Муҳокимаҳои додгоҳӣ[/b]
Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АМРМТ ё НАНСМИТ) дар «Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуъот» зимни интишори баёнияе аз пойинравии сатҳи озодии матбуъот дар ин кишвар хабар додааст.
Дар баёнияи ин созмон омадааст: “Дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ 34 мавриди нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон сабт шуда ва се ҳолати муттаҳам кардани нашрияҳои мустақил ба таҳқиру тавҳини ашхос ва ҳафт маврид аз мушкилоти дастрасӣ ба иттилоъот ба мушоҳида расидааст.»
Бахусус, АМРМТ таъкид кардааст, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи мустақилли “Нури зиндагӣ” дар ноҳияи Ашт, дар шимоли Тоҷикистон, дар муддати шаш моҳ дар боздоштгоҳ ба сар бурда ва баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи вай ҳамчунон идома дорад.
Оқои Исмоилов ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ муттаҳам шудааст. Аммо масъулони АМРМТ илали боздошти ӯро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут хондаанд.
Хуршед Ниёзов, раиси созмони “Медиа-Алянс”-и Тоҷикистон, соли гузаштаро барои хабарнигорону расонаҳои мустақилли ин кишвар аз душвортарин солҳо унвон кард.
Ба гуфтаи вай, дар пайи ҳаводиси водии Рашт дар соли гузашта фаъолияти бархе аз нашрияҳои мустақил барои муддате мутаваққиф ва чанд сойти интернетӣ масдуд шудаанд. Теъдоди муҳокимаҳои додгоҳии нашрияҳои мустақил дар муқоиса бо солҳои қаблӣ бамаротиб афзоиш ёфтааст.
Далели афзоиши муҳокимаҳои додгоҳӣ ба фармони рақами 622–и Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 7 феврали соли 2009 рабт доштааст, ки дар он ба густариши робитаи миёни мақомоти давлатӣ ва расонаҳои хабарӣ таъкид шудааст.
Дар ин санад мақомоти давлатӣ муваззаф шудаанд, ки ба матолиби расонаҳо вокуниш нишон диҳанд.
Рӯзноманигор Зафари Сӯфӣ дар ин бора гуфт: “Вокуниши бештари мақомоти давлатӣ дар ин росто на дар шакли ислоҳи норасоӣ, балки дар шакли талош барои бегуноҳ нишон додани худ сурат гирифтааст.”
[b]»Марзҳои тоза, мавонеъи тоза»[/b]
Дар ҳамин ҳол, Созмони Милали Муттаҳид зимни як баёния дар иртибот бо «Рӯзи ҷаҳонии матбуъот» матбуъоти озодро василаи аслӣ барои ифшои фасод ва аъмоли бад ва ҳифзи эътимоди ҷомеъа арзёбӣ кардааст.
Дар ин баёния омада, ки то ҳол дар бархе аз давлатҳои худкомаи ҷаҳон талошҳое барои эҷоди мавонеъи маснӯъӣ дар роҳи матбуъоти озод ва назорат ва ҷорӣ кардани сонсур барои сойтҳои интернетӣ анҷом мешаванд.
Созмони Милал имсол мавзӯъи баҳсу баррасӣ дар рӯзи ҷаҳонии матбуъотро «Марзҳои тоза, мавонеъи тоза» гузошта ва аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, ки дар қарни тавсеъаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоъӣ, ки мардум беш аз ҳар вақти дигаре бо ҳам басуръат мухобара мекунанд, аз эҷоди мавонеъ бо истифода аз текнулужиҳои имрӯзин даст бардоранд.
Бино ба иттилоъи созмони омрикоии Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, дар соли гузашта шаш хабарнигори сойтҳои интернети хабарӣ кушта шудаанд.
Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуъот дар соли 1991, ба дунболи фурӯпошии девори Берлин ва лағви маҳдудият барои матбуъоти озод дар Урупои Шарқӣ бо ширкати рӯзноманигорони офриқоӣ таъсис шудааст.
Дар ин сол бо ҳамкории Муассисаи илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид ё ЮНЕСКО дар шаҳри Виндҳуки Намибӣ, дар қораи Офриқо, эъломияе дар бораи васоили иттилоърасонии мустақил тасвиб шуд.
Пас аз ду сол Маҷмаъи Умумии СММ ин рӯзро «Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуъот» эълом кард.
Мардони Муҳаммад, Би-би-си
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/05/110503_mm_press_freedom_day.shtml