Аброри Зоҳир, сардори Идораи фурӯши китоб ва матбуоти даврӣ, зимни як аризаи даъвогӣ аз Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ хостааст, ки нисбат ба шоир Исфандиёри Назар – рӯзноманигори “Имрӯз Нюз” ва Назири Нусрат – сармуҳаррири ин газета парвандаи ҷиноятӣ боз кунад.
Исфандиёри Назар мегӯяд, даъвои Аброри Зоҳир ба мақолаи «Даъво доранд: «Олами китоб» ҳабс карда шавад», ки моҳи июли соли равон дар газетаи “Имрӯз Нюз” чоп шуда буд, рабт дорад. Дар ин мақола, ки бо имзои мустаор ба нашр расидааст, дар мавриди толори фурӯши китоби “Олами китоб” дар ошёнаи якуми бинои “Пойтахт-80” сухан меравад.
Ба иддаои Аброри Зоҳир, дар ин мақола тӯҳмат ҷой дорад ва муаллифон зимни иншои мақола ба таври пинҳонӣ ба суд фишор овардаанд.
Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аллакай Исфандиёри Назар ва Назири Нусратро барои бозпурсӣ даъват кардааст.
http://faraj.tj/news/6462-talabi-sardor-r1263znomanigoronro-parvanda-kuned.html