Аброри Зоҳир, раҳбари Идораи фурӯши китоб ва матбуоти даврӣ аз прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дархост кардааст, ки нисбат ба Исфандиёри Назар, шоир ва рӯзноманигор парвандаи ҷиноятӣ боз карда шавад.
Исфандиёри Назар ба TojNews гуфт, имрӯз ӯ ва сармуҳаррири рӯзномаи ИмрӯзNews Назири Нусратро ба прокуратура даъват кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, даъвои Аброри Зоҳир аз паси нашри мақолаи «Даъво доранд: «Олами китоб» ҳабс карда шавад», ки дар нашрияи мазкур моҳи июл ба нашр расидааст, сурат гирифтааст. Ин матлаб, ки бо имзои мустаор нашр шудааст, дар бораи толори фурӯши китоби “Олами китоб” дар ошёнаи аввали “Пойтахт-80” навишта шудааст.
Аброри Зоҳир ба прокуратура ариза навишта талаб кардааст, ки муаллифони мақола шиносоӣ карда шаванд, дар ин мақола тӯҳмат кардаанд, инчунин бо навиштани мақола ба таври пинҳонӣ ба суд фишор овардаанд.
Аброри Зоҳир як муддат ба ҳайси муаллифони доимӣ дар нашрияи ИмрӯзNews мақолаҳояш нашр мешуд.
http://www.tojnews.org/talabi-boz-kardani-parvanda-alaihi-isfandiyori-nazar