Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) бо пахши як изҳорот хостори додани баҳои ҳуқуқӣ ба рафтори Амонуллои Ҳукуматулло раиси барканоршудаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” шуданд.
Дар изҳороти созмонҳои журналистӣ ки бегоҳии дирӯз 4-уми феврал нашр шуд, азҷумла гуфта мешавад:
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) ва Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) бо сабаби таҳдид шудани хабарнигорони рӯзномаи «Имрӯз News» аз тарафи роҳбари КВД «Роҳҳои оҳани Тоҷикистон» Амонуллои Ҳукуматулло изҳори ташвиш намуда, чунин амали шахси мансабдори давлатиро маҳкум менамоянд.
Тибқи хабари дар ВАО ба табъ расида, рӯзи 29 январи соли 2014 дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз забони роҳбари РОТ Амонулло Ҳукуматулло ба унвони роҳбарият ва ходимони рӯзномаи «ИмрузNews» суханони таҳдидомез садо доданд, вале дар робита ба ин воқеа то ҳол аз тарафи мақомоти ҳифзи қонун ё дигар мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ ягон вокуниш ба амал наомадааст.
Дар идомаи изҳороти худ ИЖТ ва НАНСМИТ навшитаанд, итминони комил доранд, ки нишасти матбуотӣ минбар барои баробар кардани ҳисоб бо ВАО номатлуб ва журналистон набуда, балки майдон барои интишор додани иттилоот дар бораи корҳои анҷомшуда ва барқарор намудани усулҳои самарабахши ҳамкорӣ бо матбуот аст. Аз ин мавқеъ, тарзи гуфтор ва таҳдидҳои ҷаноби Хукуматулло мақбули ҷомеаи демократӣ нест.
-Умед дорем, ки мақомоти босалоҳияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амали роҳбари КВД «Роҳҳои оҳани Тоҷикистон» баҳои қонунӣ медиҳанд, зеро ҳамкасбонамон аз рӯзномаи «Имрӯз News» аллакай ба ҳамаи мақомоти ваколатдори давлатӣ муроҷиат намудаанд.
Дар навбати худ, мо чун ҷонибдорони бо роҳи пешбининамудаи қонунгузории мамлакат ва меъёрҳои байналмилалии аз тарафи Ҷумхурии Тоҷикистон эътирофгашта ҳаллу фасл шудани ҳамаи моҷароҳо дар соҳаи ВАО, воқеаи мазкурро то анҷоми мантиқиаш пайгирӣ менамоем. Илова бар ин, мо омодаем ба ҳамкасбонамон аз рӯзномаи «Имрӯз News» машварат ва кӯмаки ҳуқуқӣ расонем, — омадааст, дар изҳороти ИЖТ ва НАНСМИТ.
Амонуло Ҳукумов дирӯз 4-уми феврал бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз вазифааш барканор ва ба нафақа фиристонида шуд.
http://www.tojnews.tj/sozmonhoi-jurnalisti-khostori-mujozoti-hukumov-shudand