Ширкати «Таком» корманди онҳо будани шахси гумонбаршуда ба қаллобӣ аз ҷониби мақомоти интизомии Суғдро рад кард.
Бино ба маълумоти ширкати «Билайн» (ҶДММ «Таком») дар ин робита, онҳо ин маълумоти дар ВАО интишоршударо санҷида, аз рӯйи натиҷаҳои он иттилоъ медиҳанд, ки ин шахс ҳеҷ гоҳ бо ширкат ягон муносибати корие надоштааст. «Маълумот дар бораи бо ҶДММ»Таком» қарордоди меҳнатӣ доштани М.Л. асоси воқеъӣ надорад», — гуфта мешавад дар маълумоти ширкат.
Ёдрас мекунем, ки санаи 3-юми декабр «Азия-Плюс» бо истинод ба маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ дода буд, ки хонандагони синфи 11-ум ариза додаанд, ки дар ҷамоати Хистеварз ду шахси номаълум худро кормандони мақомоти интизомӣ муаррфӣ намуда, маснӯоти тарфгарӣ (пиротехникӣ)-и онҳоро ошкор карданд ва сипас толибимонро ба автомашинаашон шинонида, аз С.А. шиносномаашро гирифтаанд. Дар идома онҳо бо роҳи фиреб барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани наврасон аз онҳо 200 доллари ИМА маблағ талаб карда гирифтаанд.
Манбаъ иттилоъ дода буд, ки дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин амал ду нафар сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – корманди 24-солаи нерӯгоҳи барқи обии «Дӯстии халқҳо» Д.В. ва корманди 25-солаи ширкати мобилии «Билайн» М.Л. боздошт шудаанд.
http://news.tj/tj/news/takom-gumonbarshuda-ba-allob-kormandi-mo-nest