[b]Элис Велс, раиси бахши Русия дар Шӯрои амнияти милли Омрико пас аз дидору гуфтугӯйи тӯлонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон гуфт, ки бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқоте «хеле созанда» доштааст.[/b]
Ин намояндаи Шӯрои Амнияти Миллии Омрико гуфт, ки ба ҷуз аз баррасии масоили густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвар ӯ бо оқои Раҳмон дар бораи тавсеъаи равандҳои демукротик дар Тоҷикистон суҳбат кардааст.
Дар ҷараёни мулоқоти ин мақоми омрикоӣ бо оқои Раҳмон раванди узвияти Тоҷикистон дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (СҶТ) низ баррасӣ шудааст.
Хонуми Велс гуфт: «Мо ин мавзӯъро ки, чи гуна Омрико метавонад ба Тоҷикистон дар заминаи ворид шудани Тоҷикистон ба СҶТ кумак кунадро баррасӣ кардем. Мо кумаки фаннӣ дар ин заминаро фароҳам мекунем ва ҳайъате аз мо дар ин замина ҳамин ҳоло дар шаҳри Женев фаъъол аст.»
Хонуми Велс афзуд, дар ин росто Омрико дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Олмотӣ кунферонси байналмилалии «Мувофиқатномаи тиҷорат ва сармоягузории минтақаӣ»-ро баргузор мекунад ва Тоҷикистон низ ба ин нишаст даъват шудааст.
Ин намояндаи Шӯрои амнияти миллии Омрико гуфт, ки қабл аз дидор бо Президент Раҳмон, вай бо намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кардааст.
Вай дар ин бора гуфт: «Бахши дигаре аз суҳбати ман бо оқои Раҳмон ба мавзӯъи демукротизе марбут буд. Мо ин мавзӯъро мавриди баҳс қарор додем, ки чи гуна тақвияти волоияти қонун ва озодии баён метавонад барои пешрафти мудернизеи иқтисодӣ ва сиёсӣ кумак кунад.»
Ин мақоми Шӯрои амнияти миллии Омрико дар ҳоле бо оқои Раҳмон мавзӯъи равандҳои демукротизе дар Тоҷикистонро матраҳ мекунад, ки ду моҳе қабл Вазорати хориҷаи Омрико дар гузориши солонаи худ Тоҷикистонро кишваре худкома хонда буд.
Дар ин гузориш таъкид шуда буд, ки қудрат дар Тоҷикистон дар дасти Эмомалӣ Раҳмон ва тарафдоронаш, ки «умдатан аз як минтақа ҳастанд», мутамаркиз шудааст.
Дар ин гузориш омадааст, ки ҳарчанд Қонуни асосии Тоҷикистон низоми чандҳизбиро тазмин мекунад, аммо дар амал давлат аз тавсеъаи такассургароии сиёсӣ монеъ мешавад.
Ин гузориш шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудагон аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ, маҳдудияти озодии баён ва виҷдон (бахусус, таъқиби рӯзноманигорон ва нақзи ҳуқуқи мазҳабиён) ва табъиз алайҳи занҳоро аз мушкилоти аслӣ дар заминаи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон унвон карда буд.
Бо ин вуҷуд мақомоти омрикоӣ мукарраран таъкид кардаанд, ки Тоҷикистон дар масири хурӯҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон барои Омрико нақши умдае дорад.
Чанде қабл раиси кумитеи вижаи Урупо ва УруОсиёи Кунгреи Омрико, Ден Бертун, дар шаҳри Душанбе эълом карда буд, ки эҳтимоли таъсиси ситоди низомии Омрико дар Тоҷикистонро пас аз таътили пойгоҳи низомии «Манос» дар Қирғизистон баъид намедонад.
Оқои Бертун дар оғози моҳи ҷорӣ дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон ҳамчунин гуфта буд, ки Омрико аз нақши Русия дар нигаҳдории сабот дар минтақа тақдир карда ва дар мавриди масоили ҷобаҷойии эҳтимолии нерӯҳои омрикоӣ дар Тоҷикистон бо Русия тавофуқ хоҳад кард.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/07/120717_sq_alice_wells_taj_us.shtml