Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Дастаҷамъӣ дар Маскав гуфтааст, ки кишвараш ҷонибдори муқобала бо ҷароим дар арсаи иттилоърасонӣ ва фанновариҳои иттилоъотӣ аст.
Дар сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз қавли Эмомалӣ Раҳмон омадааст: «Тоҷикистон ҷонибдори устувори муқовимати муштарак бар зидди ҷиноятҳо дар соҳаи иттилоъот ва технологияҳои иттилоъотӣ мебошад.»
Вай афзудааст: «Такмил додани қонунгузорӣ вобаста ба таъмини амнияти иттилоъотӣ бояд аз самтҳои афзали фаъолияти муштарак дар доираи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гардад.»
Ин суханони оқои Раҳмон дар ҳолест, ки нашри иттилоъоти маҳрамона дар бораи ҷанги Ироқу Афғонистон ва ҳамчунин, мукотиботи диплумотики сафоратхонаҳои Омрико дар сойти Викиликс ахиран шӯре дар саросари ҷаҳон ба по андохтааст.
Мақомоти Омрико ва бархе аз кишварҳои дигари ҷаҳон ин иқдомро маҳкум карданд ва Ҷулиан Асанж, муассиси Викиликс дар Ландан боздошт шуд, вале интишори асноди маҳрамона дар ин сойт ҳамчунон идома дорад.
Қаблан масъулони ин сойт эълом карда буданд, ки аснодеро низ дар бораи фасоди густарда дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, интишор хоҳанд дод.
Нашри бархе иттилоъот дар бораи Тоҷикистон, аз ҷумла иттилоъоти марбут ба фишори эҳтимолии Омрико барои барканории Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи горди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло дар зиндон аст, нигарониҳоеро дар Душанбе ба ҳамроҳ доштааст.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон иддаъоҳои матраҳшуда дар асноди Викиликсро рад кард. Аммо оқои Раҳмон дар ин бора ибрози назаре накардааст. Бо ин ҳол, ба назар мерасад, ки мақомоти тоҷик аз идомаи нашри иттилоъоти маҳрамона дар интернет нигаронанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта муқаррароте дар бораи ончи «амнияти иттилоъотӣ» хонда мешавад, низ тасвиб карда буданд, ки ҳадаф аз он «ҳимоят аз фазои иттилоъотии» ин кишвар дар баробари нуфузи расонаҳои хориҷӣ унвон шуда буд.
Манобеъи огоҳ мегӯянд, ки масдуд шудани чанд сойти интернетӣ дар остонаи интихоботҳои гузашта ва дар ин авохир, яъне дар пайи бозтоби вазъи амниятии минтақаи Рашт дар расонаҳои мухталиф, низ дар чорчӯби сиёсати «таъмини амнияти иттилоъотӣ» сурат пазируфтааст.
Бозтоби ҳамлаи як гурӯҳи пайкорҷӯи мухолифи давлат ба сутуне аз комюнҳои низомии вазорати дифоъи Тоҷикистон, ки дар авохири моҳи сентябр дар дараи Камароб рух дода ва дастикам 25 кушта барҷо гузошт, хашми мақомоти Тоҷикистонро барангехт.
Дар пайи нашри хабар ва мақолоти марбут ба ин ҳодиса, вазири дифоъи Тоҷикистон бархе аз нашрияҳои мустақилро ба «ҳамкорӣ бо теруристон» муттаҳам кард ва худи оқои Раҳмон дар як суханронии худ гуфт «бархе аз нашрияҳо ҷангҷӯ шдаанд».
Тӯле накашид, ки чопи нашрияҳои мустақилли «Фараж», «Пайкон» ва «Нигоҳ» мутаваққиф ва дастрасӣ ба сойтҳои интернетии хабаргузориҳои «Авеста», «Сентразия», «Фергана» ва «Тоҷнюз» масдуд шуд.
Ин амр интиқодоти густардаи созмонҳои мудофеъи озодии баён ва диплумотҳои хориҷии муқими Тоҷикистонро ба ҳамроҳ дошт. Агарчи бархе аз мақомоти тоҷик дастури масдуд кардани сойтҳоро ба гардан гирифтанд, вале иддаъоҳо дар бораи даст доштани худ дар тавқифи чопи нашрияҳоро рад карданд.
Ҳамакнун Президент Раҳмон дар ҳоле хостори «такмили қонунгузорӣ барои таъмини амнияти иттилоъотӣ» дар қаламрави кишварҳои узви СПАД мешавад, ки гурӯҳҳои мудофеъи озодии баён ҳамвора аз ӯ барои тасвиби муқаррароти марбут ба тавҳин ва туҳмат дар интирнет дар тобистони соли 2007 интиқод кардаанд.
Аз он замон то кунун созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорон борҳо аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки моддаҳои марбут ба туҳмат ва тавҳинро аз қонуни кайфарӣ (коддекси ҷиноӣ) барандозад ва ба гунаи кишварҳои пешрафта ва мутамаддин шомили қонуни маданӣ (кодекси шаҳрвандӣ) кунад, вале мақомоти тоҷик ҳеч эътиное ба ин дархост накардаанд.
Гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар моддаҳои марбут ба туҳмату тавҳин дар қонуни кайфарии Тоҷикистонро афзоре муҳим барои бим додани рӯзноманигорон ва кунтрули фаъолияти онҳо аз сӯйи давлат ба шумор меоваранд, ки гӯё замина барои худсонсурии густардаро фароҳам кардааст.
Вале мақомот ин иддаъоро рад карда ва мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон ҳама гуна шароит барои озодии баён ва фаъолияти матбуъоти озодро фароҳам кардааст ва ниёзе ба ислоҳи қонуни кайфарӣ мавҷуд нест.
Радио ВВС
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/12/101211_ea_rahman_infotech_crimes.shtml