Таъини роҳбари нав ба маҷмааи табъу нашри «Шарқи Озод»

Қурбоналӣ Файзуллоев директори нави маҷмааи давлатии табъу нашри «Шарқи озод»-и назди дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин шуд. Қаблан ӯ ба ҳайси роҳбари иттифоқҳои касабаи ин корхона фаъолият дошт.

Тибқи хабарҳои расида ба «Азия-Плюс» дар ин робита, имрӯз, 30 март роҳбари нав ба ҳайати кормнадони маҷмаа муаррифӣ мешавад.

Собиқ роҳбари МТН «Шарқи Озод» Ёқуб Исмоилов, ки моҳи октябри соли 2010 ба ин вазифа таъин шуда буд, дубора ба дастгоҳи иҷроияи президент бармегардад. Тибқи баъзе маълумот, ӯ яке аз шуъбаҳо дар дастгоҳро роҳбарӣ хоҳад кард.

 

http://news.tj/tj/news/taini-ro-bari-nav-ba-ma-maai-tabu-nashri-shar-i-ozod

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *