Таҳқиқи парвандаи Ӯрунбой Усмонов ба анҷом расид

[b]Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки таҳқиқи парвандаи Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ ба анҷом расида ва натоиҷи он ба раиси ҷумҳурии ин кишвар гузориш хоҳад шуд.[/b]

Дар ин бора Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 12-уми июл дар нишасти хабарии худ дар хабар дод.

Оқои Салимзода гуфт, ки дар садад аст, ба раиси ҷумҳурии ин кишвар дар мавриди “ҳолатҳои кори парвандаи ҷинойии Ӯрунбой Усмонов” гузориш бидиҳад. Ӯ гуфт, ки «сардори давлат ба ин қазия таваҷҷӯҳ дорад.»

Ин дар ҳолест, ки Питер Ҳоррокс, раҳбари Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ 24-уми июн, бо ирсоли номае унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ӯ хоста буд, ки ба озодии Ӯринбой Усмонов мусоъидат кунад. Ҳаждаҳуми июн аъзои хонаводаи оқои Усмонов низ ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон нома ирсол дошта ва аз ӯ дархости мушобеҳ карда буданд.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов низ хабари анҷоми таҳқиқи ин парвандаро таъйид кард. Вай гуфт, ки қабл аз ирсоли парванда аз идораи кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба Додситонии вилояти Суғд, рӯзи сешанбеи 12-уми июл парвандаро бо муваккилаш бори дигар баррасӣ ва таъйид кунад.

Аммо ба гуфтаи оқои Салимзода, бозрасии парвандаи ҷинойии Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии Би-би-сӣ аз ҷониби бозрасони Кумитаи амнияти миллӣ ба анҷом расида ва барои тафҳими иттиҳом ва ирсоли он ба додгоҳ, ба додситонии вилояти Суғд таҳвил дода шуд.

Аз замони боздошти оқои Усмонов дар 13-уми июни соли ҷорӣ то кунун чандин созмони байналмилалӣ, сафоратхонаҳои ғарбӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дар баёнияҳое хостори озодии Ӯрунбой Усмонов шудаанд. Би-би-сӣ низ дар ду баёния боздошти ӯро маҳкум карда ва хостори озодии фаврии ӯ шудааст.

Бар асоси тасмими мақомоти шабакаи хабарии Би-би-сӣ, кормандони ин ширкат дар мақари он дар Ландан ҳар рӯзи чаҳоршанбе, то замони озод шудани Ӯрунбой Усмонов аз боздошт таҷаммуъи эътирозӣ барпо хоҳанд кард.

Бо ин ҳол, ҷониби бозрасӣ оқои Усмоновро бар асоси модаи 307, қисми 3, банди 2- қонуни кайфарии Тоҷикистон дар «ҳамдастӣ» ё «хабар надодан ба мақомоти марбута» дар бораи мулоқоташ бо аъзои эҳтимолии ин ҳизб муттаҳам мекунад.

Вале Ӯрунбой Усмонов, ҳам вакили мудофеъаш ва ҳам Би-би-сӣ мегӯянд, ки мулоқоти оқои Усмонов бо аъзои эҳтимолии Ҳизби Таҳрир дар чорчӯби фаъолиятҳои хабарнигории ӯ сурат гирифтааст.

Дар ҳоле, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар нахустин рӯзҳои пас аз боздошти оқои Усмонов дар баёнияе эълом кард, ки оқои Усмонов дар узвият дар Ҳизби Таҳрир муттаҳам шудааст, дертар мақомоти ин кумита гуфтанд, ки алайҳи оқои Усмонов аз оғоз иттиҳоми марбут ба «узвият» на, балки «ҳамдастӣ аз роҳи иттилоъ надодан» ворид шуда буд.

Ӯрунбой Усмонов рӯзи 13 июн ҳангоме, ки аз маҳалли кор ба хона бармегашт, нопадид шуд. Як рӯз пас маъмурони амниятӣ ва пулис ӯро ба хонааш оварда, манзилашро такурӯ карданд ва дубора бо худ бурданд.

Дар ҳафтаи гузашта Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Ӯрунбой Усмонов зимни як дархости расмӣ аз ҷониби бозрасӣ хостори тағйири дастури додгоҳ дар бораи шароити муваккилаш то замони муҳокимаи парванда дар додгоҳ шуд.

Дархост шудааст, ки дастури «ҳабс» ба дастури «бидуни иҷоза аз шаҳр хориҷ нашудан» иваз шавад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110712_mm_prosecutor_usmanov.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *