Хадамоти амнияти Рустами Эмомалӣ, писари президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон журналистони расонаҳои мустақилро пеш аз вуруд ба нишасти матбуотии ин хадамот мавриди тафтиши сахт қарор додаанд.
Бино ба иттилои хабарнигори TojNews, журналистонро, ки ба нишасти матбуотӣ баъди пешниҳоди ҳуҷҷат вориди бино шуда буданд, хадамоти амниятии Рустами Эмомалӣ то либосу ҷиҳози техникӣ тафтиш кардаанд.
Ҳамаи ҷиҳози, дохили ҷузвдонҳои хабарнигорон, то қаламу дафтар дар алоҳидагӣ тафтиш шуда, телефонҳои мобилӣ, суратгир, диктофон ва дигар таҷҳизоти хабарнигорон мавриди санҷиши махсус қарор дода шуданд.
Хабамоти амниятӣ гуфтаанд, ин тадбир пешгирӣ аз хатари эҳтимолӣ ба раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон сурат мегирад.
Ин дар ҳолест, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон вақти нишасти матбуотиашро, ки мебоист имрӯз 23-юми январ, соати 9:00 оғоз мешуд, барои як соат ба ақиб партофт.
Нишасти матбуотии Хадамаоти гумрук имрӯз 23-юми январ дар бинои ин ниҳод, воқеъ дар кӯчаи Бухорои пойтахт оғоз шуда, бино ба иттилои чанд лаҳза пеш, аз хабарнигорон дархост шудааст, телефонҳои мобилиро хомӯш кунанд, ҳарчанд Рустами Эмомалӣ дар ин нишаст шахсан ҳузур надорад.
Нишастро муовини аввали Рустами Эмомалӣ, Неъмат Раҳматов ифтитоҳ кард.
http://www.tojnews.tj/taftishi-zhurnaliston-pesh-az-muloqot-bo-pisari-president