Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ бо мақсади муайян намудани иқтидори техникии ташкилоти мустақили телевизионӣ дар давраи гузариш ба пахши рақамӣ дар 15 ташкилоти амалкунандаи мустақили телевизионии кишвар тадқиқот гузаронидааст.
Дар ин бора ба Faraj.tj Зинатулло Исмоилов, раиси ин Ассосиатсия хабар дода, гуфт, ки дар марҳилаи гузариш ба пахши рақамӣ бозгӯй намудани имконоти техникии шабакаҳои телевизионӣ ва мушаххас сохтани потенсиали воқеии онҳо қадами мухимест дар ҷодаи пажӯҳиши имконот, воқеият ва дурнамои рушди ташкилоти мустақили телевизионии Тоҷикистон.
Номбурда мегӯяд, ки ҳадафи анҷом додани ин тадқиқот мушаххас намудани иқтидори шабакаҳои мустақили телевизионии амалкунандаи ҷумҳурӣ буд.
— Шабакаҳои мустақили телевизионӣ, ки аз аввали солҳои 90-уми асри 20 ба фаъолият оғоз кардаанд, имрӯз дар ташаккули фазои иттилоотии кишвар саҳми муҳиме доранд. Новобаста ба имконоти хеле маҳдуди техникиву истеҳсолӣ онҳо барои расонидани ахбори маҳаллӣ ба мардум кӯшиш менамоянд ва дар пурра намудани фазои иттилоотии кишвар ҳиссагузоранд.
Манбаъ мегӯяд, ки ҷараёни тадқиқот, ки бо мусоидати Намояндагии «Интернюс Нетуорк» дар Тоҷикистон гузаронида шудааст, тамоюлҳои рушди телевизионҳои маҳаллиро дарбар гирифта, натиҷаҳои он барои мушаххас намудани сарнавишти ташкилоти мустақили телевизионӣ ба хангоми гузариш ба пахши рақамӣ корбаст шуда метавонанд.
Маҳфили муаррифии тадқиқоти мазкур 25 майи соли равон соати 9:00 дар толори Маркази ҷумҳуриявии матбуот (ошёнаи 2-и Маркази тадқиқоти Стратегии Тоҷикистон) баргузор мегардад. Интизор аст доираи васеи коршиносони соҳа дар ин маҳфил ширкат намоянд.
Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ соли 2011 таъсис ёфта, ҳадафаш ҳифзи манофеи ташкилотҳои мустақили радиотелевизионӣ ва продакшн-студияҳо мебошад.
Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ: 919323402, 918 24 81 12