Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд кормандони матбуоти Тоҷикистонро ба муносибати иди касбиашон табрик кардааст.
Сомонаи расмии ҳукумати вилоят табрикоти Қодириро нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад: “матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолату воқеияти рӯзгор нақши муассир доранд”.
Қодирӣ аз он изҳори хушнудӣ кардааст, ки “дар вилояти Суғд теъдоди зиёди нашрияҳои чопӣ, телевизиону радиоҳо фаъол буда, барои огоҳ намудани ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд. Маҳз мавҷудияти васоити ахбори омма имкон медиҳад, ки ҷомеа бо ахбори саҳеҳу дақиқ дастрасӣ пайдо намояд”.
— Бо истифода аз фурсати муносиб қаламкашон, аҳли матбуоти вилоятро ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрику муборакбод намуда, боварии комил дорам, ки воситаҳои ахбори омма дар амалӣ гаштани ҳадафҳои нек ва иқдомҳои созандагӣ, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми амиқ мегузоранд, — омадааст дар интиҳои табрикоти раиси вилоят.
Ҳамасола 11-уми март дар Тоҷикистон иди касбии рӯзноманигорон таҷлил карда мешавад.
Copyright © 2015 TojNews
http://www.tojnews.org/tj/news/tabrikoti-raisi-viloyati-sugd-ba-munosibati-ruzi-matbuoti-tochik